Сафир дар бораи сабти “Россия сегодня” дар Тоҷикистон: Ҳанӯз умед ҳаст...
Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Душанбе сабти номи хабаргузории “Россия сегодня”-ро дар Тоҷикистон масъалаи дарднок хонд, ки бо гузашти як сол ҳал нашудааст.
Фролов имрӯз, 26 декабр дар мулоқот бо хабарнигорон дар Душанбе гуфт, барои суръат додани сабти номи намояндагии “Россия сегодня” дар Тоҷикистон чанд маротиба ба Вазорати умури хориҷӣ муроҷиат кардаанд: “Аммо то ҳол посухи дақиқе нагирифтаем. Танҳо шарҳ медиҳанд, ки масъала дар ҳоли баррасӣ ҳаст. Дар ҳамин ҳол як сол гузашт”.
Сафири Русия дар идома изҳор дошт, ҳанӯз умед доранд, ки ин масъала ҳал мешавад, чун ба гуфтаи ӯ "умед аз ҳама охир мемирад".
Игор Лякин-Фролов мегӯяд, роҳбарияти “Россия сегодня” тасмим гирифтааст, барои инъикоси масоили Тоҷикистон сомонаро на бо домени тоҷикӣ - tj, балки бо домени sputnik.tajikistan.com фаъол кунад: “Дар Тоҷикистон чанд хабарнигоре мемонанд, ки бо "Россия сегодня" ҳамкорӣ хоҳанд кард”.
Ин дар ҳолест, ки ахиран масъулини “Россия сегодня” эълон карданд, аз азмашон барои ифтитоҳи намояндагӣ дар Душанбе даст кашида, бархе аз хабарнигоронро аз аввали соли нав ҷавоб хоҳанд дод.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |