Стратеги №1-и Президент: Аз маоши «айтишник»-ҳои ДИИШ то салафия дар маҳбасҳо ва таҷрибаи сайтбандӣ
Худойбердӣ Холиқназар, раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон гуфт, ҷалби ҷавонон ба созмони террористии “Давлати исломӣ” тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ сурат мегирад ва сайтбандиҳо дар Тоҷикистон як таҷриба алайҳи ин раванд мебошад.
Ӯ имрӯз, 26 декабр, зимни мизи гирд дар мавзӯи ифротгароии ҷавонон дар Душанбе изҳор дошт, Абубакр Бағдодӣ, ки худро халифаи “Давлати исломӣ” эълон кардааст, худ “айтишник”-донандаи хуби технологияи иттилоотӣ мебошад. Ба иттилои раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ Бағдодӣ дар атрофаш ба ивази 25 ҳазор доллар маош “айтишник”-ҳои дигарро ҷамъ намудааст, ки шабонарӯз ба таблиғи созмони террористии “ДИИШ” машғул мебошанд. Оқои Холиқназар инчунин аз он изҳори нигаронӣ кард, ки ахиран ҷангҷӯёни “ДИИШ” дар минтақаи Нангарҳори Афғонистон як радио бо номи Садои Хилофатро ташкил кардаанд, ки бо забони тоҷикӣ ба таблиғи ин созмон машғул мебошад.
Дар мавриди пешниҳоди коршиносони технологияи иттилоотӣ, ки барои мубориза алайҳи ифротгароён ҳукумат бояд дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоии фейсбук, одноклассники ва дигар сомонаҳоро таъмин намояд, Худойбердӣ Холиқназар изҳор дошт, ки ин масъалаи бисёр мураккаб аст. Ӯ бо зикри фаъолияти мубаллиғони “ДИИШ” дар фейсбуку одноклассники илова намуд, ки дар Тоҷикистон барои таҷриба дастрасӣ ба ин шабакаҳо масдуд шудааст. Ӯ гуфт, ин чораи муваққатӣ аст ва баъди гирифтани натиҷа дастрасӣ ба сомонаю шабакаҳо барқарор хоҳад шуд.
Зимни мизи гирд таъкид шуд, ки саҳифаи «Twitter»-и «ДИИШ» 13 миллион хонанда дорад. Муҳаммадӣ Ибодуллоев, коршиноси масоили технологияи иттилоотӣ барои муқоиса изҳор дошт, ки саҳифаи Twitter-и Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико 8,5 миллион, саҳифаи «Манчестер Юнайтед» 3,5 миллион хонанда дорад.
Дар мавриди омилҳои гаравидани ҷавонон ба саффи гуруҳҳои ифротӣ оқои Холиқназар аз ҷумла бекорӣ, фақр, коррупсия, таблиғи шаддид тариқи интернет, омода набудани ҷавонон аз нигоҳи идеологӣ ва сиёсӣ, муҳоҷирати танзимнашуда ба Русия, надонистани асосҳои Ислом, эмиссарҳои хориҷӣ, буҳрони худшиносӣ-ҷустуҷӯи асолати хеш, доштани марзи тӯлонӣ бо Афғонистон, анъанаҳои заифӣ дунявият дар байни аҳолӣ, махсусан дар деҳот, бесаводии ҳуқуқии аҳолӣ, махсусан ҷавонон ва таълими ғайриқонунии динӣ дар хориҷи кишварро ном бурд.
Ба гуфтаи Худойбердӣ Холиқназар бисёри мадориси хориҷӣ, аз ҷумла дар Покистон салафиҳои такфирӣ тайёр мекунанд. Ӯ гуфт, баъдан салафиҳо ба пайравонашон фармон медиҳанд, ки ба Ватан баргашта ҷиноят содир кунеду маҳбас равед: “Дар маҳбасҳо салафияро таблиғ мекунанд. Имрӯз 70-80 фоизи маҳбусҳо салафиянд. Агар онҳо бароянд чӣ кор мекунанд?”.
Раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ илова намуд, ки тадқиқот миёни ҷавонон нишон дод, ки бисёрашон аз оддитарин асосҳои Ислом огоҳӣ надоранд ва фарқ байни мазҳабҳоро дарк намекунанд. Ӯ гуфт, бо назардошти ин пешниҳод кардаанд, ки дар синфҳои болоии макотиби миёна ва донишгоҳҳои кишвар фанни “Таърихи дин” таълим дода шавад.
Раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ таъкид намуд, ки 80 фоизи ҷавонони тоҷики ҷалбшуда ба ДИИШ дар Русия, замони муҳоҷират фирефта шудаанд. Ӯ гуфт, ҳанӯз ду сол пеш ҳушдор дода буд, ки гуруҳҳои калон аз Қафқоз дар Русия ба ҷалби муҳоҷирон ба гуруҳҳои ифротӣ машғуланд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |