Маблағҳои фонди захиравии президент соҳибонашонро ёфтанд
Исми 21 варзишгар, ки аз фонди захиравии раисиҷумҳури кишвар маблағи пулӣ мегиранд, маълум гардид.
Рӯзи гузашта, Эмомалӣ Раҳмон бо имзои як амр Вазорати молияро муваззаф сохт, аз ҳисоби маблағҳои Фонди захиравии президент дар соли 2015 барои варзишгарон шашсаду ҳафтоду се ҳазору ҳафтсаду панҷоҳ сомонӣ ҷудо намояд.
Бино ба иттилои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҳар варзишгар аз 6250 то 150000 сомонӣ хоҳад гирифт. Ба иттилои манбаъ, аз ҷумла Дилшод Назаров бо 150000 сомонӣ қадр хоҳад шуд. Назаров моҳи августи соли равон аз сабқати қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гурзандозӣ миёни мардон, ки дар шаҳри Пекини Чин баргузор шуд, бо нишони нуқра баргашт. Ӯ нахустин варзишгари тоҷик аст, ки соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Бразилия-2016 шуд.
Варзишгарони дигар, ки аз маблағи фонди президентӣ ҷоиза мегиранд, инҳоянд: Мавзуна Чориева, Шоира Зулқарнаева, Ҷаҳон Қурбонов, Хуршед Маҷидов, Аҳмадҷон Саидов, Фаррухи Салим, Муҳаммадраҳим Сарахонов, Малика Лагутенко, Шаҳриёр Даминов, Сабина Тюраева, Баҳромҷон Гадоев, Масрур Сатторов, Алишер Ахмедов, Муҳаммадҷон Наимов, Зиёратшоҳ Шамолов, Далер Тюряев, Беҳрӯз Набиев, Садриддин Яқубов, Набимуҳамад Хоркашев ва Акмалиддин Каримов.
Ба иттилои манбаъ, варзишгарони тоҷик танҳо давоми 5 соли ахир дар арсаи байналмилалӣ 2717 медал, бо шумули 783 тилло, 759 нуқра ва 1175 биринҷӣ ба даст овардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |