Ҳисоботи Убайдуллоев: Аз афзоиши порахӯрӣ то теъдоди масоҷиду зиёдаравии масъулин
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе имрӯз, 24 декабр аз корҳои анҷомдода тайи 11 моҳи соли равон ба вакилони шаҳрӣ ҳисобот дода, доир ба дастоварду камбудиҳо ибрози назар намуд.
Убайдуллоев зимни ироаи ҳисобот дар бинои Маркази равобити Пойтахт қарораш дар мавриди мавқуф гузоштани ҷудо намудани замин барои сохтмонро шарҳ дода, афзуд, ки ин қарор ба ҳеч ваҷҳ маънои пешгирӣ аз рушди меъмории шаҳрро надорад ва барои таъмини маҳалҳои аҳолинишин бо иншооти зарурии инфрасохторҳои муҳандисӣ, нақлиётӣ ва иҷтимоӣ роҳандозӣ мешавад.
Ӯ ҳамчунин ба соҳимулкони бозорҳо ҳушдор додааст, ки ҳангоми дар ҳудуди бозорҳо, марказҳои савдо, мағоза ва дигар иншоотҳои истеҳсолию тиҷоратӣ ошкор намудани ҳолатҳои фаъолияти соҳибкории ғайрирасмӣ нисбати роҳбарону соҳибмулкони онҳо чораҳои мушаххас татбиқ карда мешаванд.
Убайдуллоев дар мавриди мусофиркашонӣ илова намудааст, ки дар 92 хатсайр ҳамарӯза ба миқдори миёна 212 автобус, 63 троллейбус, 55 микроавтобус ва зиёда аз 2100 адад воситаи нақлиёти хусусӣ ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғуланд.
Раиси Душанбе иттилоъ додааст, ки нақшаи даромади буҷети шаҳр дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ аз рӯи воридоти андозҳо 107,7 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 1 246,4 млн. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат нақша 88,6 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2014-ум 89,7 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Тибқи ҳисоботи Убайдуллоев то 1 декабри соли равон 9337 андозсупорандагони шахсони ҳуқуқӣ дар шаҳр ба қайд гирифта шудаанд, ки назар ба соли гузашта 197 адад зиёд мебошад: “Шумораи соҳибкорони инфиродӣ 30053 нафарро ташкил намуда, назар ба соли гузашта, ба андозаи 6 фоиз ва ё 1558 нафар зиёд шудааст”.
Дар мавриди нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар бозорҳои пойтахт Убайдуллоев илова намудааст, ки тибқи маълумоти расмии оморӣ аз 31 номгӯи маҳсулоти кишоварзӣ ва агросаноатӣ, дар шаҳр ба санаи 1 декабри соли 2015 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, нархи 9 номгӯй аз 2,6 то 44,7 фоиз коҳиш ёфта, 1 номгӯй бетағйир ва 21 номгӯй аз 1,9 то 60,6 фоиз зиёд шудааст: “Дар соли 2016 барои ғановати бозори истеъмолии шаҳр ва танзими нархҳои маҳсулоти ниёзи аввалия, инчунин бо пуррагӣ аз байн бурдани “миёнаравҳо” ва савдои кӯчагӣ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута, бахусус бо Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тадбирҳои заррурӣ андешида шаванд”.
Раиси Душанбе афзудааст, ки тайи 11 моҳ аз тарафи аҳолӣ ба маблағи 178,05 млн. сомонӣ қувваи барқ истифода гардида, 139,03 млн. сомонӣ ҷамъоварӣ карда шудааст, ки мутаассифона ба 78,1 фоизи нақша баробар буда, бо чунин ҳолат пешбурди воқеии соҳа зери суол боқӣ мемонад.
Ӯ инчунин аз эҳтимоли баргаштани як қисми муҳоҷирони меҳнатӣ дар соли оянда суҳбат карда, ба Раёсати Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва мақомотҳои иҷроия дастур додааст, ки барои таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва ҷобаҷогузории онҳо дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт чораҳои таъхирнопазир андешанд.
Ӯ инчунин аз дараҷаи фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ дар Душанбе, ки 22,0 фоизро ташкил мекунад, изҳори норозигӣ кардааст: «Гарчанде ин нишондиҳанда дар ҷумҳурӣ баландтарин бошад ҳам ба ҳеч ваҷҳ барои шаҳрамон қаноаткунанда набуда, моро водор месозад, ки ҷиҳати зиёд намудани муассисаҳои томактабӣ, ки норасоии онҳо солҳои охир бараъло ҳис карда мешавад, чораҳои заруриро роҳандозӣ намоем”.
Ба иттилои шаҳрдори Душанбе дар соҳаи тандурустии пойтахт 14 маркази саломатии шаҳрӣ, 17 беморхона, 2 хонаи кӯдакон, 4 дармонгоҳи дандонпизишкӣ, 8 маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва дезостансияҳо, 12 маркази соҳавӣ ва 3 маркази ёрирасон бо 2939 нафар табиб ва 3905 нафар кормандони миёнаи тиб барои сокинон хизмат мекунанд: “Ба 10 000 аҳолӣ 37,2 табиби маълумоти олидор ва 49,5 корманди миёнаи тиб рост меояд. Феълан дараҷанокии касбии табибон 93,0 фоиз ва кормандони миёнаи тиб 88,5 фоизро ташкил медиҳад”.
Маҳмадсаид Убайдуллоев идома додааст, ки айни замон дар шаҳри Душанбе 18 масҷиди ҷомеъ, 55 масҷиди панҷвақта, 30 ташкилоти динии ғайриисломӣ ва Кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои исмоилия фаъолият менамоянд, ки дар феҳристи давлатии иттиҳодияҳои динии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд.
Раиси Душанбе дар мавриди танзими ҷашну маросимҳо таъкид кардаст, ки фаъолияти анҷомдодаи масъулин то ҳол нигаронкунанда боқӣ монда, зиёдаравиҳо дар баргузории маъракаҳои марбут ба расму оин ва адои фаризаҳои динӣ ба мушоҳида мерасанд, ки аз ҳамагон бознигарии фаъолият ва таъмини ҳар чи бештари волоияти қонунро дар ин самт тақозо менамояд.
Раиси пойтахт шумораи умумии ҷиноятҳои бақайдгирифташуда дар қаламрави шаҳрро тайи 11 моҳ 4404 адад гуфт, ки нисбати соли гузашта 224 адад ва ё 5,3 фоиз зиёд мебошад: “Таҳлил нишон дод, ки дар ин давра ҷинояти куштор 18,7, одамдуздӣ 100, таҷовуз ба номус 50, авбошӣ 9,2, бандитизм 100, роҳзанӣ 13,3, қаллобӣ 11,3, ҷиноятҳои аз ҷониби ноболиғон содиргардида 1,3 ва ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ 3,9 фоиз кам гардидаанд”.
Ӯ бо таассуф илова намуд, ки як қатор ҷиноятҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, аз ҷумла, дуздӣ 35,8%, азонихудкунӣ 11,3, тамаъҷӯӣ 71,4, муомилоти ғайриқонунӣ бо силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш ба 11,1 фоиз ва порахурӣ 6 баробар афзудаанд.
Дар охир Убайдуллоев вакилони шаҳриро ба муносибати фаро расидани Соли Нави 2016 табрику таҳният гуфта, барояшон аз даргоҳи Худованди муттаол фараҳмандӣ, шукӯҳмандӣ, саодатмандӣ таманно намудааст: “Бигузор Соли Нав ба ҳар яки Шумо ва сокинону меҳмонони шаҳрамон соли амалӣ гардидани тамоми орзую умедҳои некатон бошад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |