Коршиноси Royal Bank of Scotland: 2016 вазъи иқтисод бадтар мешавад
Соли 2016 аз нуқтаи назари иқтисодӣ нисбат ба соли 2015 бадтар хоҳад шуд. Ин нуктаро Эндрю Робертс, коршиноси иқтисодии яке аз бузургтарин бонкҳои Бритониёи Кабир -- Royal Bank of Scotland зикр кардааст.
Ӯ гуфта, дар соли 2016 арзиши нафт ба таври назаррас пойин меравад ва ин ба иқтисоди кишварҳое, ки аз нафт вобастаанд, хатари ҷиддие мебошад. Ба пешгӯии Робертс, дар соли оянда қимати нафт барои як баррел ибтидо 26 ва баъдтар то 16 доллар пойин хоҳад рафт. Ин коршинос дараҷаи баланди аз бонкҳо қарздор будан, коҳиши тиҷорат, шадид гардидани сиёсати қарзии низоми захоири федеролӣ ва коҳиши ҷаҳонии рушди қарздиҳиро аз сабабҳои аслии бадтар гардидани вазъи иқтисодӣ дар соли 2016 гуфтааст.
Ба андешаи намояндаи Royal Bank of Scotland, ҳоло бидуни ин ки нафти Эрон ба бозори ҷаҳонӣ ворид намешавад, нархи нафт эҳсос мешавад, ки пойин рафтааст. Ӯ сабаби пойин рафтани қимати нафтро оммавитар шудани технологияҳои нав, аз ҷумла таваҷҷуҳи бесобиқаи ширкатҳои автомобилистеҳсолкунанда ба электромобил гуфтааст: “Ҳоло баҳсҳо миёни бузургтарин ширкатҳои истеҳсолкунандаи мошин Hyundai, Mercedes ва Toyota сари он рафта истодааст, ки оё зарур аст, алтернативи нафтро ба роҳ монем ва оё беҳтар нест, ки аз муҳаррикҳое истифода шавад, ки бо ҳидроген кор мекунанд ва ё муҳаррикҳои барқӣ беҳтар нестанд?”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |