Бахшҳо

(АКСУ ВИДЕО) Гирдиҳамомадаҳо: Агар Сафорат посух надиҳад...

Ҷавононе, ки назди Сафорати ИМА дар Душанбе гирди ҳам омадаанд, мегӯянд, аз масъулин ваъдаи дарёфти посухи номаашонро гирифтанд.

Яке аз ин ҷавонон Амрикоро давлати демократӣ, сулҳхоҳу ободихоҳ ва ҳамеша дар канори Тоҷикистон номида гуфт, мехоҳанд, ки ба мактубашон посух бигиранд: “Касоне, ки ба Тоҷикистон ноамнӣ меоранд, онҳоро ба Тоҷикистон баргардонад”.

Ин ҷавонон дар суҳбат ба хабарнигори "Озодагон" гуфтанд, масъулини сафорат шумораи телефон ва суроғаи онҳоро гирифта, ваъда додаанд, дар кутоҳтарин фурсат ҷавоби номаашонро мегардонанд: “Агар ҷавоби мактубро нафиристанд, ин навбат ҳамон 500-600 нафареро, ки зери он имзо гузоштаанд, гирифта назди сафорат ҷамъ мешавем”.

Ҷавони дигар гуфт, “таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки ягон кишвари бузурги хориҷӣ барои мо тоҷикон давлат намесозад. Ҳама вақт тақдири ояндаи худамонро худамон ҳал мекунем”.

Ин ҷавонон далели навиштани муроҷиатномаро дар он шарҳ доданд, ки “Амрико ба нафароне, ки мехоҳанд ба Тоҷикистон ноамнӣ биёранд, дар кишвари худ минбар медиҳад ва онҳо аз минбарҳои Амрико ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекунанд”.

Ин гуруҳи ҷавонон, ки ба гуфтаи хабарнигори “Озодагон” ҳудуди 15 нафаранд, соатҳои тақрибан 10:10-и имрӯз, 24 декабр назди Сафорати ИМА дар Душанбе гирди ҳам омаданд. Онҳо гуфтанд барои ҷавоби номаашон дар мавриди боздошт ва истирдоди Додоҷони Атовулло, Абдумалик Абдуллоҷонов ва Муҳиддин Кабирӣ омадаанд. Ба гуфтаи онҳо, баъди дарёфти ҷавоби сафорат назди дафтари САҲА дар Тоҷикистон хоҳанд рафт.



Гирдиҳамоии ин афрод дар ҳолест, ки 15 апрели соли равон як гуруҳи иборат аз 10-20 нафар назди Сафорати Олмон дар шаҳри Душанбе ҷамъ омада, хостори мулоқот бо сафир шуда буданд. Аммо кормандони пулис се тан аз ин эътирозгаронро боздошт карданд. Он вақт Сафорати Олмон дар Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфта буд, “гирдомадагон бисёр эҳсосотӣ ва бадхашмона рафтор намуда, худашон намедонистанд, чӣ мехоҳанд. Аз додзаниҳояшон маълум набуд, ки онҳо барои чӣ ё зидди чӣ баромад мекарданд. Сафири Олмон Холгер Грен изҳори омодагӣ кард, ки ду намояндаи эътирозгаронро қабул кунад, аммо ин натиҷае надод, чун онҳо бисёр эҳсосӣ буданд ва сафорат ба далоили амниятӣ дарҳояшро накушод”.

27 октябри соли равон гуруҳе аз ҷавонон бо баргузории як ҷамъомад дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз мақомоти Амрикою Аврупо маҳкумсозии Абдумаллик Абдуллоҷонов, собиқ сарвазир ва номзад ба мақоми президентии Тоҷикистон, Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби фаъолияташ дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ва Додоҷони Атовулло, раҳбари ҳаракати “Ватандор”–ро карда буданд. Ин ҷавонон гуфтанд, ба сафоратҳои Амрикову Олмон дар Тоҷикистон нома навишта, дархости боздошт ва истирдоди ин се нафарро кардаанд. 19 ноябри соли равон гуруҳе аз ҷавонон бори дигар назди сафорати Олмон ҷамъ омаданд.Аслиддин Хушвахтов, яке аз ин ҷавонҳо ба “Озодагон” гуфта буд, масъулини сафорати Олмон назди ҷавонони ҷамъомада баромада, изҳор доштаанд, ки сафир феълан дар Олмон аст ва посухи расмӣ аввали моҳи декабр дар ҳузури хабарнигорон ба ин гуруҳ ироа хоҳад шуд.


(АКСУ ВИДЕО) Гирдиҳамомадаҳо: Агар Сафорат посух надиҳад...

(АКСУ ВИДЕО) Гирдиҳамомадаҳо: Агар Сафорат посух надиҳад...

(АКСУ ВИДЕО) Гирдиҳамомадаҳо: Агар Сафорат посух надиҳад...

(АКСУ ВИДЕО) Гирдиҳамомадаҳо: Агар Сафорат посух надиҳад...

(АКСУ ВИДЕО) Гирдиҳамомадаҳо: Агар Сафорат посух надиҳад...

(АКСУ ВИДЕО) Гирдиҳамомадаҳо: Агар Сафорат посух надиҳад...

(АКСУ ВИДЕО) Гирдиҳамомадаҳо: Агар Сафорат посух надиҳад...

(АКСУ ВИДЕО) Гирдиҳамомадаҳо: Агар Сафорат посух надиҳад...

(АКСУ ВИДЕО) Гирдиҳамомадаҳо: Агар Сафорат посух надиҳад...

(АКСУ ВИДЕО) Гирдиҳамомадаҳо: Агар Сафорат посух надиҳад...
Мӯҳр
Millat
U aftoshona binen, u galstuki kajalasha binen. tu chivu siyosat chi...

daler
рафта дарстона хонену кишвара обод кунед
т корт чия ба кабири ва додоҷон ва дигару дигараш
бар асоси қонуи Тҷ. донишҷу ҳаққи узвият дар ҳеҷ ҳизб ва гунуҳи сиёсиро надорад.
инҳо чаро дастгир ва ба 25сол аз озоди маҳрум намешаванд ба хотири бе иҷоза даст ба нооромкардани ҷомеа ва ихтишош задан. аҷаб аҷаб

щ
Инхоро ба мисли рамаи гусфанд истифода бурда истодаанд. Намедонам бо кадом руй инхо дари сафорат мераванд. Зомбихо.

Бахудо хамин чавонора пурс хозир яхелаш дар кисааш 5сум надорад инкадар праблемахо мондаги аз кучо кабирию додочон даёдашон меояд? Крисиз мардум нони хурдан надоранд бачои дар назди апарати приздент чамъ шаванд чои кор талаб кунанд ё шароити хуби зиндаги рафта пеши америкоихода сафсата гуфта истодаанд. Инхоро ки равон кардааст? Хукуматдоро бахудо обруйи набудагиатона якбора дар замин задед назди олмону амрико як чупонхам медонад ки инхо бо амри ки омадаанд. Хамин ахмадхуча давлатова ябор прсен акаш дар назди апарати приздент хдша дар додани шид бачои аз кафои кабири гаштан бра аката ёрдам те ё сабабгори кризисе ки мардм аз нони хурдан мондааст кабирию додочон бошад? Ки бояд мардумро бачоикор таъмин кунад? Ки бояд свету оби гарм дихад? Чаро метарсед аз хукумат хаки хутона талаб кунед аммо аз кафои кабирию атовуллоев мегардед? Бовар кунед гай аз нафрати мардума зиёд кардан дигар ягон фойда намегиред.

Шахрванд
Агар он кадар дисузи ватан бошед ба назди дари раиси хукумат рафта аз онхо даъват мекардед ки ба казияи Умаралии хурдакак расидаги кунанд ё расидаги ба он казияи чавондухтари точик ки аз чониби афсари рус берахмона ба катл расонида шуда буд ё барои химоят аз мухочирони корие ки ХАР РУЗ хукукхояшон дар русия поймол мешаванд даъво мекардед, вале мо чиро мебинам Як гурухи идорашавандаро ки намедонад чи мехохад. Равед хонатон хамон нони коки худо хурда шинед ва аник аст ки санчишу имтихонхоро барои ин "хизмататон" устодони донишгох БЕПУЛ мегузоранд.

мо нафаҳмидем ҳаминҳо чанд нафаран дар кул?дар пеши сафорати Олмон гуфта будан 400 нафарем ҳозир бо гуфтестан имзо кардагиҳо 600 нафарем...дар як мо аз 7 нафар ба 15 нафар ба зур расидан 585 нафари дигара аз куҷо миёварда бошан?

хаму сафир афти шумора бина изо мекаша оли бо гап задан як тараф истад, шумо брен да пеши дари вазорати шугли ахоли мотам кнен ки бади я сол аробакаши накнен бо !!!!

Ахсан ба шумо Чавонон ки кишварро сохиби мекунед, албатта инро баъзехо намехоханд бинанду шунаванд. Ман бовар дорам, ки хукумати феълии Точикистон хамеша ободу ором хохад монд.

Вали
То дари сафорат рафтана дар китобхона шинеду дониш омузед. Хамин бекоргардиатон хаст, ки чомеа ру ба бесаводию бадбахти задааст. Шумо магар сохиб надоред? Чаро дарсхоро партофта чун чуги дар паси дархои сафоратхо мегардед? Шуморо бояд сафоратхонахо ба суд диханд.

Эйййй хамин "зомбихо" безор кардед . Шумо 15 - 20 нафаред. Чаро аз номи хама гап мезанед??

Чавон
Садкаи номи чавони шаед Точикистон худ сохибдор аст Худо хамеша сулху суботро пойдор монад Дар Точикистон макомотхои кудрати хастанд худ халкунандаи ину он масъала рафта дарсотона хонед кори хутона кунед шармандахо

Ватандор
Ахмадхуча хдат икадар ҷон канди хамика маком ёфти?
Падари хдат наҳзати буд ку!
Ика рафта дар ҲНИТ гап зади савол дода малумот ҷам карда бурди чи шди? Бовар кн ту бози чаи амният хасти ягон чизи дига нети.
ҳамаи шумо наҳзат мерафте дар вохурихо медидемтон дар хамуча бо хози иҷа хам шмо ҷамъ шиден.
Маълумай ки ямниятиё ҷам шиден. шмо да мурдатон 500 кас ҷам карда намедонед.

Darvesh
E Amrico bachai ochatonay ki shahrvandi digar davlatda dast merasonad! Hukumati Tojikiston KGB milisa Interpol va digaronro dorad raved ba onho murojiat kuned. Shumora kadom ustodi donishgoh dars megud! Agar ma ustodi donishgohi SHumo boshum hami ruz arizai khudro menavisum ki sharmanda karden hamara....

Ганг
daler,
Ширин гуфтед!

Шабур
Аслан шумо бояд мантикро хуб омузед. Бубинед ба суи хабар нигор мегуянд,ки "як инсони Амрикои биёяду аз Точикистон Амрикоро танкид кунад онхо чи мегуян" ва чаро худро мантик дон мегиранду боре хамин саволро ба худ намедиханд. Охир Амрико векаан демократия аст ва ихтиёч аз хортчи кишвар гапзадани шахрвандонаш намондааст харчи мегуян аз хамончо мегуянд. Шумо боре Амрикоро дидаед ки президент 24 сол хукмрону ва худро харчи хохад ном гузошта бошад бародароини мантик дор? ....
...Ох чавони дар гарби рузхои сарду сангин ва дар таххонахо гузашту имруз ба по хеста наметавонам...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)