Бахшҳо

Ҷӯрабек Муродов: Зодрӯзамро бо тамоми мардуми Тоҷикистон ҷашн мегирам

Ҷӯрабек Муродов, овозхони номовари тоҷик мегӯяд, мавлудашро бо тамоми мардуми Тоҷикистон таҷлил мекунад.

Ӯ имрӯз, 24 декабр дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, аз шоми дирӯз аллакай ба қабули паёмҳои табрикӣ машғул аст: “Аз Русия, Туркманистон, Қирғизистон, Узбекистон аз ҳар гӯшаву канор телефон карда, табрик мекунанд”.

Ҷӯрабек Муродов мегӯяд, худро фарзанди мардуми тоҷик медонад ва аз ин рӯ мавлудашро бо тамоми мардум ҷашн мегирад.

Шанбеи 26 декабр дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон барномаи ҳунарии Ҷӯрабек Муродов таҳти унвони “Мухлисони қадрдонам” баргузор мешавад. Оқои Муродов мегӯяд, ин 54-умин шаби эҷодии ӯ хоҳад буд.

Ҷӯрабек Муродов 24 декабри соли 1942 дар ноҳияи Айнии Тоҷикистон ба таваллуд шудааст. Эҷодиёти Ҷӯрабекро таронаҳо бо забони арабӣ, русӣ, озарӣ, гурҷӣ, арманӣ, қирғизӣ ва ҳато ҷопонӣ ташкил медиҳанд. Соли 1975 бо мукофоти комсомолии ленинии Тоҷикистон қадрдонӣ шуд. Ҳунарманди мардумии Тоҷикистони Шӯравӣ (1974), ҳунарманди мардумии СССР (1974) мебошад.

Вай шаҳрванди ифтихории шаҳрҳои Самарқанд (1980), Бухоро (1980) ва Нурато (1982) аст.

Соли 1987 ҷоизаи ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакиро гирифт. Ҳамон сол 1987 ҷоизадори нишони тиллои Анҷумани мусиқии Ҷопон шуд. Соли 2011 дар Амрико ҷоизаи “Чеҳраи мондагор”-и озмуни Big Apple Music Awards-ро ба худ ихтисос дод.

Теъдоди таронаҳои Ҷӯрабек Муродов кайҳост, ки марзи 1000-ро гузаштааст. Вай дар ҳайати гуруҳҳои консертии мухталиф ба кишварҳои мухталифи дунё сафари ҳунарӣ анҷом додааст. Барои мисол Афғонистон (солҳои 1966, 1979, 1982), Канада (1967), Булғористон (1968), Белгия (1969), Эрон (1972, 1996), Ҳиндустон (1976, 1985), Покистон (1976, 1985), Сурия (1977), Ироқ (1977), Австрия (1975, 1990, 1993), Ливан (1973), Италия, Малта, Кипр, Миср (1973), Ҷопон (1982, 1987), Тайланд (1986), ИМА (1989, 1991, 1993, 1995), Исроил (1993), Туркия (1995), Аморати муттаҳидаи Араб (1997) ва ғайра.


Мӯҳр
Точики Афгонистон
Забони афгони кадом бошад?

Инсон
Зодруз муборак, устод!

Устоди Азиз ба сад дароед ва мо хамрохи Шумо бошем.
Хабиб

Саид
Барои инхо танзин нест магар?, ки зодрузашонро дар тамоми Точикистон чашн мегирад!

Зодруз муборак устод Джурабек!

Хамватан-Хамза
Вокеан ин шахсияти бузург махал надорад. Зеро уро дар тамоми Точикистон бо сурудхояш, ки овози шево ва форамаш ба умки дилхо мебарад, медонанд ва эхтиром мекунанд. Зихи устоди азиз, ки симо, овоз ва рафтори худ Вахдати дилхо, халкхо ва чахониён аст. Туро Худованд танхо барои сахна офаридааст ва ту зеби сахнаи дилхои......

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)