Таманниёти Э.Раҳмон дар мавлуди император: Ба Ҷопон пешрафт хоҳонам
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли барқияи шодбошӣ ба императори Ҷопон- Акихито, ӯ ва мардуми Ҷопонро ба муносибати солгарди Иди миллиашон табрик кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш аз ҷумла изҳор доштааст, ки “Тоҷикистон мисли пешин хоҳони рушду нумӯи кишвари дӯсти Ҷопон ва ҷонибдори таҳкими рӯзафзуни ҳамкориҳои васеъ бо кишвари Шумо мебошад. Мо омодаем дар оянда низ ҳамкории созанда ва ҳамаҷонибаро ба нафъи ду кишвари дӯст ва бародар тақвият бахшем”.
Эмомалӣ Раҳмон дар охири паём ба император тансиҳативу саодат ва ба мардуми Ҷопон сулҳу амонию пешрафту шукуфоӣ таманно кардааст.
23 декабр-рӯзи мавлуди Акахито дар Ҷопон аз соли 1989 то ҳозир ҳамчун иди миллӣ таҷлил мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |