Мавлуди паёмбари Исломро дар Тоҷикистон бо мавлудхонӣ ҷашн мегиранд

Маркази исломии Тоҷикистон мегӯяд, ҷумъаи 25 декабр дар тамоми масоҷиди кишвар бахшида ба ҷашни мавлуди Паёмбари Ислом Муҳаммади Мустафо (с) мавлуд хонда мешавад.
Аз ин ниҳод имрӯз, 23 декабр ба “Озодагон” гуфтанд, тибқи қарори Шӯрои уламо “рӯзи ҷумъа қабл аз хутбаи намоз дар ҳамаи масҷидҳо аз мавлуди Паёмбар (с) ҷашн гирифта мешавад”.
Ҳусейн Шокиров, як масъули Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо низ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ба ҳамаи масҷидҳои ҷомеи ҷумҳурӣ дастур шудааст, дар рӯзи ҷумъа, бидуни таҳияи таъом мавлуди Паёмбар (с)-ро бо қироати Қуръону мавлуд ҷашн бигиранд: “Дар тамоми масҷидҳои ҷумҳурӣ гузаронидани мавлуд иҷозат дода шудааст ва ин ҳам тибқи талаботи қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо бе додани таъом. Баъди қабули қонун дигар дар ин моҳ дар масҷидҳо таъом дода намешавад”.
Ҳамасола рӯзи 12-и моҳи рабеъ-ул-аввалро мусалмонони ҷаҳон ба унвони мавлуди паёмбари акрам -- Муҳаммад (с) таҷлил мекунанд. Аксар вақт он аз як ҳафта то давоми як моҳ ҷашн гирифта мешавад. Дар аксар кишварҳои исломӣ ин рӯз расман истироҳат эълон шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |