Шойгу ДИИШ дар Афғонистонро хатари нав ба Тоҷикистону Русия хонд
Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия дар мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш Шералӣ Мирзо пайдоиши “Давлати исломӣ” дар Афғонистонро хатари нав ба Тоҷикистону Русия хонд.
Тибқи иттилои расонаҳои Русия Шойгу, имрӯз, 23 декабр дар мулоқот бо Шералӣ Мирзо дар Маскав изҳор дошт, ки тамоми нишонаҳои ҳузури ДИИШ дар Афғонистон вуҷуд доранд ва ин хатарҳои иловагиро дар пай дорад.
Вазири мудофиаи Русия таъкид кардаст, ки дар самти Афғонистон вазъ беҳтар нашудааст. Ӯ илова намудаст, ки Русия нақшаҳо барои таҷҳизонидани артиши Тоҷикистон ва пойгоҳи 201-ро иҷро карда истодааст.
Шералӣ Мирзо дар навбати худ ҳамовозияшро бо ҳамтои рус таъкид карда, аз амалиёти Русия алайҳи ДИИШ дар Сурия ҳимоят намудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |