Тоҷикистон мизбони мусобиқоти Осиё-2016 миёни духтарони то 14-сола
Конфедератсияи футболи Осиё Тоҷикистонро макони баргузории бозииҳои минтақавии мусобиқоти Осиё-2016 миёни духтарони то 14-сола интихоб кардааст.
Тавре Федерасияи футболи кишвар хабар медиҳад, дар баробари Тоҷикистон Қирғизистон, Бангладеш, Непал ва Шри-Ланка ҳам барои мизбони ин сабқат шудан, талош доштанд. Ба иттилои манбаъ, мусобиқоти Осиё миёни духтарон аз 18 апрел то якуми майи соли 2016 дар варзишгоҳи “Авиатор”-и пойтахт ва бошгоҳи клуби “Истиқлол” дар дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор баргузор мешавад.
Дар ин сабқат нуҳ даста – Тоҷикистон, Эрон, Қирғизистон, Бангладеш, Бутан, Ҳиндустон, Малдив, Непал ва Шри-Ланка иштирок хоҳанд кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |