Бахшҳо

Пиразани рус гуфтааст, агар парастори тоҷикаш ихроҷ шавад, ба Тоҷикистон меояд

Пиразани русе баъди он ки парастораш -- шаҳрванди Тоҷикистонро аз Русия депорт карданд, қасд дорад, ба Тоҷикистон биёяд.

Ин хонуми тоҷикистонӣ, ки 42 сол дорад, ба ҳайси парастори як солманди рус дар Челябинск фаъолият мекардааст. Қиссаи ӯро “Комсомольская правда” расонаӣ кард. Бо хоҳиши ин зани тоҷик, нашрия номи ӯро тағйир дода, Шукрона гуфтааст. Шукрона барои иштирок дар маросими дафни писари бузургаш ба Тоҷикистон меояд ва ҳангоми баргаштан дар нуқтаи тафтиши марзбонӣ ҷойи қайди санадҳояш --“Сельскохозяйственная”-ро талаффуз карда натавонистааст. Маъмури марзбонӣ ба ин хулоса мерасад, ки чун ҷои қайдашро намедонад, шояд санадҳояш тақаллубиянд ва ӯро ҷарима мекунанд.

Иттифоқан бори дигар ҳангоми ба Тоҷикистон баргаштан, зан наметавонад номи лангардори кӯчаро ба забон биёрад. Ин навбат ҳам ӯро ҷарима мекунанд ва парвандаи ӯ ба додгоҳ меравад. Додгоҳ қарор мекунад, ки ин зан аз қаламрави Русия ихроҷ шавад. Шукрона дар Русия як писари 15-сола дорад, ки дар мактаб таҳсил мекунад. Дар ин миён Айдар Кучуков, як вакили мудофеъ барои ҳифзи ҳуқуқи ин шаҳрванди Тоҷикистон даст ба кор шудааст. Ӯ ба “Комсомольская правда” гуфтааст, дар сурати депорти модар бар асоси моддаи 19-и “Конвентсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак” ҳуқуқи писари ӯ нақз мешавад, зеро ба гуфтаи Кучуков дар ин банд омадааст, “кишварҳои узви ин конвенсия наметавонанд, кӯдакро бе розигии ӯ аз модараш ҷудо кунанд”.

Ба қавли вакили дифоъ, додгоҳ фармони Хадамоти муҳоҷиратро бекор намуд: “Шукрона ва писари ӯ дар Русия мемонанд. Додрас ба меҳнати фоиданоку ҷамъиятӣ машғул будану тарбияи фарзанди ноболиғро бар душ доштани зерҳимояи маро ба назар гирифт”.

Ба иттилои “Комсомольская правда” Шукрона ҳоло парастории пиразани 82-солаи русро идома медиҳад ва дуруст талаффуз кардани ҷойи истиқоматашро тамрин мекунад. Пиразан гуфтааст, дар сурати ба Тоҷикистон депорт шудани Шукрона, ӯ ҳам бо ӯ меравад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)