Қарори ҳукумат барои ташкили муассисаи нави давлатии ёрии ҳуқуқӣ
Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки муассисаи нави давлатӣ барои ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандонро ташкил кунад.
Тибқи қарори ҳукумат, ки ахиран аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имзо шуд, муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ” дар тобеияти Вазорати адлия таъсис меёбад.
Ҳукумат қарор кардааст, ки сармоягузории ин марказ аз ҳисоби ташкилотҳои донорӣ таъмин карда шавад.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Вазорати адлияро муваззаф намудааст, ки масоили ҳуқуқию ташкилии марбут ба маркази ёрии ҳуқуқиро ҳал намояд.
Ташкили ин муассиса дар ҳолест, ки қаблан мақомоти Тоҷикистон ба қонун дар бораи адвокатҳо тағйиру иловаҳо ворид намуданд, ки ба иддаои бархе аз вакилони мудофеъ фаъолияти адвокатҳоро маҳдуд мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |