Сӯиқасди мусаллаҳонаи қочоқчиён барои убури марзи Тоҷикистон
Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз сӯиқасди мусаллаҳонаи як гуруҳи қочоқбар барои убури марзи Афғонистону Тоҷикистон хабар доданд.
Тибқи иттилоияи ин ниҳод қазия 19 декабр тақрибан соати 21:10 дар ҳудуди дидбонгоҳҳои сарҳадии сарҳадии «Ҳамадонӣ» рух додааст.
Ба иттилои манбаъ гуруҳи қочоқчиёни мусаллаҳи афғон ҳангоми убури ғайриқонунии марз бо сарҳадбонони тоҷик рӯ ба рӯ мешаванд: “Дар натиҷа задухӯрди мусаллаҳона ба миён омад ва қочоқбарон аз торикии шаб истифода бурда, тариқи қамишзор ба Афғонистон баргаштанд”.
Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таъкид мекунанд, ки бо назардошти таҳдиду хатарҳо ҳифзи марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар ҳолати пурзӯр қарор дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |