Эътирози Сафар Абдуллоҳ аз қатли афғондухтари 35-сола

Сафар Абдуллоҳ, донишманди саршиноси тоҷики муқими Қазоқистон эътирози худро дар баробари қотилони Лизо Акбарӣ, бонуи 35-солаи афғонистонӣ тавассути ғазале бо номи “Хашм” баён кардааст.
Лизо Акбарӣ, бонуи варзишкори афғонистониасли амрикоӣ 21 декабр ҳангоми берун шудан аз дафтари кораш -- “Сафоплаза” дар минтақаи кортаи чаҳори Кобул аз тири як нафар кушта мешавад. То кунун мақомоти Афғонистон ангезаи аслии ин кушторро ифшо накардаанд, вале ба иттилои расида, қотил ҳангоми набард бо пулис ҷароҳат бардоштаву билохира боздошт мешавад.
Лизо Акбарӣ дар баробари шаҳрвандии Афғонистон шаҳрвандии Амрикоро низ доштааст. Сафорати Амрико дар Кобул аз марги бону Акбарӣ ба хонаводаи эшон таслият арз кардааст. Хонум Акбарӣ то замони кушта шуданаш дар яке аз созмонҳои ҷамъиятӣ дар Кобул кор мекард ва пештар дар яке аз ниҳодҳои зертобеи неруҳои амрикоии мустақар дар Кобул фаъолият доштааст.
Ба навиштаи рӯзномаи “Дейли Мейл”-и Бритониё, Лизо Акбарӣ фориғуттаҳсили донишгоҳи Лас Вегас ва дараҷаи могистарии донишгоҳи Вийоминги Чикаго дар риштаи равоншиосии ҳирфаӣ будааст.
Идораи “Озодагон” бо суоли ангезаҳои аслии куштори бонувон дар Афғонистон ва чунин аъмоли ваҳшиёна ба профессор Сафар Абдуллоҳ муроҷиат кард. Эшон дар посух як нома ва хитобаи манзуми зерро бароямон ирсол карданд:
“Дареғо, ки ахиран куштани занону духтарон бо шеваҳои ваҳшиёнаи қуруни вустоӣ дар кишвари ҳамҷавори мо Афғонистон, ки дар он мардуми ҳамзабон, ҳамкеш ва ҳамхуни мо зиндагӣ мекунад ва табиист, ки мо нисбати бародарону хоҳаронамон дар он кишвар бетавовут нестем, ба шиддат афзун мешавад. Тибқи омори байналмилалӣ, ки дар расонаҳо чоп шуда аст, рӯзе нест, ки дар ин кишвар занеро накушанд. Дар чаҳор моҳи нахусти соли равон 1396 мавриди хушунат бо занон дар кумисиюни вежаи Ҳуқуқи башар дар Афғонистон сабт шудааст. Ва пайдост, ки дар бисёре аз рустоҳои ҷангзадаи ин кишвар чунин аъмол ҳатто сабт намешавад!
Сурайё Субҳранг яке аз масъулони комисиюни ҳуқуқи башар дар мусоҳибаи матбуотии хеш эълом дошт, ки дар се моҳи нахусти соли ҷорӣ 57 нафар зан ба қатл расонида шуд. Ин омор бисёр нагаронкунанда аст. Ва фоҷиъа ин аст, ки ҳама ин ваҳшоният аз номи дини мубини ислом ва бо фатвои бархе аз нобакорон анҷом мешавад, ки худро ҳомии дин эълом кардаанд!
Куштори даҳшатзои (бо сангборон!) Фархунда, ном бонуи 27-соларо, бо туҳмати он ки гӯиё “Қурон”-ро сӯзонда аст, ҳама дар ёд дорем. Дар асл бозрасӣ мушахас карда, ки ҳамчун кореро ин бону анҷом надодааст, балки ӯ комилан бегуноҳ буда аст. Ваҳшиёнате ки ДОЪИШ дар Ироқу Сурия анҷом дод ва анҷом медиҳад, ҳама нигаронкунанда аст. Ангор ҷаҳони мо ба ваҳшиёне рӯ ба рӯст, ки мехоҳанд, ҳамаро хароб бикунанд ва дини муқаддаси исломро низ бадном бикунанд. Дирӯз боз аз кушта шудани як бонуи дигари варзишкор ба даҳшат уфтодам ва ин сатрҳоро бихонед “…Бонуи ҷавони варзишкор, дар мавқеъи берун омадан аз варзишгоҳ … дар Кобул имрӯз тавасути мулло имоми он ноҳия …бераҳмона ба шаҳодат расида аст”. Гӯё аз назари ин муллои нобакор варзиш ба унвони як амали зишт ва муғоири муқаррароти исломӣ талаққӣ шуда аст! Акси тани беҷони дар хоку хун уфтодаи ин духтар дар расонаҳо интишор шуда аст. Ин сатрҳо нафрини ман ба чунин нобакорон аст, ки дар ин назми ноқис дар чанд дақиқа баён шуд.
ХАШМ
Занонро мекушӣ номарду худро мард пиндорӣ,
Ба чашми ман ту пастию палашту сахт мурдорӣ.
Шумо - номардумон - аз номи дин одамкушӣ кардед,
Ба расми ваҳшиён – бо одати гургиву кафторӣ!
Ту ки аз дину аз шаръи набӣ мавъиза мехонӣ,
Бигӯ: аз куштани мардум дигар кай даст медорӣ?
Худоё,ин чӣ фарҳангу чи расму ин чӣ ислом аст?
Ки одамкуш бувад дар кисвати тақвою диндорӣ!
Ба санги ҷаҳл мекӯбӣ сари занро ба номи дин,
Магар аз қарни сангӣ ё дили чун хорае дорӣ?!
Ҳама даҳшат,ҳама ваҳшат алайҳи духтарони мо,
Куҷоӣ, Рустамо, к-ин нобакоронро бибардорӣ?
Шумо дар сарзамини поки аҷдодам чиҳо кардед?
Ба ҷуз куштору овардан ба ин миллат сари хорӣ.
Чунин пастию бемағзӣ, чунин берӯию зиштӣ,
Ба зоҳир ошиқи оли набӣ, даъвии каррорӣ.
Худоё ин чӣ бедоде, ки муште нохалаф акнун,
Зи номи дин ҳамоқат мекунанду ту нигаҳдорӣ?!
Шомо, эй ридакони ҳез, бо хун лолагун кардед,
Замини поки Кобул то Самангонро ба хунхорӣ!
Худовандо,ки раҳмону раҳиму дастгирастӣ,
Иноят кун, раҳоӣ бахшу бар мо деҳ бедорӣ”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |