Мусодираи 50080 дона “хлопушка” аз сокинони Ашт, Хуҷанд ва Кӯлоб
Як сокини 21-солаи ноҳияи Ашти вилояти Суғд бо иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ боздошт шудааст.
Бино ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон боздошти ин нафар рӯзи 22 декабр дар пайи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд сурат гирифта, аз ӯ 15400 дона “хлопушка” ёфт ва мусодира гардидааст: “Дар ин рӯз, ҳамчунин зимни як чорабинии оперативии дигар кормандони милитсия аз марди 32-солаи сокини шаҳри Хуҷанд 18480 дона маводи тарфгарии намуди “трения” дарёфт ва мусодира намуданд. Ҳамин тариқ, 16200 дона маводи тарфгарии намуди хлопушка аз марди 20-солаи сокини шаҳри Кӯлоб дарёфт ва мусодира гардид”.
Нисбати далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |