Тавсияи БДА ба ронандаҳо: Фардо занҷиру таноб бигиред
Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон аз ронандаҳои воситаҳои нақлиёт даъват кардааст, дар робита ба ҳавои номусоид ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кишвар аз эҳтиёт кор бигиранд.
Ин ниҳод бо нашри як хабари кутоҳ дар сомонаи расмии Вазорати умури дохилӣ гуфтааст, бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии кишвар панҷшанбеи 24 декабр дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ яхбандӣ, туман ва дар баъзе ноҳияҳои куҳӣ фаромадани тарма дар назар аст: “Бинобар ин, ба ронандагони воситаҳои нақлиёт тавсия дода мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо боэҳтиёт бошанду таҷҳизоти иловагии зиддилағшиш - занҷир, таноб ва дигар лавозимоти заруриро бо худ гиранд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |