Раддияи Tcell: Додситонӣ дастгоҳҳои назоратӣ талаб накардааст

Tcell бо нашри як баёния иттилои расонаҳоро, ки додситонии кулли Тоҷикистон аз ин ширкат дастгоҳҳоро барои назорати мухобирот хостааст, бепоя номид.
Дар баёнияи ширкати Tcell, ки дастраси “Озодагон” шуд, аз ҷумла омадааст, “иттилоот оид ба муроҷиати Додситонии кулли Тоҷикистон доир ба пешкаши таҷҳизот барои гуш додан ё пайгирии мухобирот аз воқеият дур мебошанд”.
Tcell таъкид кардааст, ки тирамоҳи имсол бо дархости ситоди пешгирӣ аз узвият ва иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар фаъолияти террористӣ ва ифротгароӣ дар Ироқу Сурия барои онҳо барои муддати кутоҳ як миқдори интернет пешниҳод шуд: “Додситонии кулл барои насби ҳеч намуди таҷҳизоти гӯшдиҳанда ва ё кадом таҷҳизоти махсусе муроҷиат накардааст. Илова бар ин Доситонӣ ҳеч гоҳ ба фаъолияти тиҷоратии ширкат дахолат накардааст”.
Ин дар ҳолест, ки “TeliaSonera”, саҳмдори асосии “Tcell” 22 декабр бо нашри як иттилоия изҳор дошт, ки Додситонии кулли Тоҷикистон хостаст, барои таҳқиқи ошӯбҳои мусаллаҳона дастгоҳҳои назоратиро дар ихтиёраш гузорад.
Дар иттилоияи мазкур гуфта мешавад, ин дархости Додситонии кулли Тоҷикистон тирамоҳи соли равон ба дасти онҳо расид. Манбаъ мегӯяд, дар шарҳи дархости худ Додситони кулл гуфтааст, ин дастгоҳҳо инчунин барои таҳқиқи ҷиноятҳои махсусан вазнин, ки бо иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалии террористӣ дар берун аз марзи кишвар сурат мегиранд, лозиманд: “Ба ин тартиб, Додситонии кулли Тоҷикистон дар фаъолиятҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии “Tcell” дахолат нахоҳад кард”.
Дар иттилоия гуфта мешавад, дар мавриди ироаи имконоти ройгон ҳеч уҳдадории расмӣ вуҷуд надорад ва бинобар ин “Tcell” ин таҷрибаро баррасӣ мекунад. “Tcell” дархостҳоро танҳо дар асоси он иҷро мекунад, ки масъулини давлат собит кунанд, ки абзорҳо танҳо бо мақсади амалиётҳои ғайриқонунӣ дар чаҳорчӯби қонунҳои маҳаллӣ истифода мешаванд. Вақте ки аз ҷониби масъулони ҳукумат дархостҳо ғайриқарордодӣ содир мешаванд, мо муттааҳид ба гузориши шаффоф ҳастем”,-таъкид шудааст дар иттилоия.
Дар идома гуфта мешавад, “TeliaSonera” бо сиёсати ҳар кишваре, ки онҷо фаолият мекунад, сару кор намегирад: “Мо ҳангоми муарифии ширкати худ изҳори назар ё баёнияҳои сиёсӣ намекунем. Бо ин ҳол, “TeliaSonera” дар мавриди дархостҳои масъулини ҳукумат, ки ба тиҷорат ва муштариёни мо таъсир мерасонанд, машғули гуфтугӯ аст”.
Додситонии кулли Тоҷикистон ҳоло ин иттилоияро шарҳ надодааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |