Маслиҳати оташнишонҳо: Чӣ кор бояд кард, то ид мотам нашавад?
Хадамоти оташнишонии Тоҷикистон дар арафаи таҷлили Соли нави мелодӣ барои ороиши бехатари арча маслиҳатҳоро нашр кардааст.
Тибқи иттилоияи ин ниҳод арчаи солинавӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бояд дар ошёнаи якум ва ё дар саҳни ҳавлии назди бино гузошта шавад: “Биное, ки дар он ҷо арча гузошта мешавад, бояд на кам аз ду дари баромад дошта бошад. Арчаро дар роҳрав ё даромадгоҳ гузоштан қатъиян манъ аст. Андозаи арча бояд тавре бошад, ки шохаҳояш ба шифти хона нарасанд ва аз девор камаш як метр дур истад. Дар толори арча дар ҷои махсус бояд аз се то панҷ оташхомӯшкунаки коршоям ва кампали патдор нигоҳ дошта шавад. Агар оташхомӯшкунак набошад, метавон дар ҳаҷми аз 50 то 100 литр об нигоҳ дошт”.
Хадамоти оташнишонӣ афзудааст, дар муассисаҳое, ки қувваи барқ аз рӯи меъёр дода мешавад, ид бояд фақат рӯзона гузаронда шавад: “Арчаро бо бозичаҳои селлулоидӣ ва ё зуддаргиранда зиннат додан ва бо шамъ чароғон кардан манъ аст”.
Оташнишонҳо таъкид мекунанд, ки дар дохили бино шамъҳои бинголӣ, истифодаи мушак ва дигар маводи пиротехникии тарканда қатъиян манъ аст: “Ҳангоми рӯй додани сӯхтор ва ё зоҳир гардидани нишонаҳои он ҳатман ба телефони «01» ба хадамоти оташнишонӣ хабар додан зарур аст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |