7 вулусволии Бадахшони Афғонистон бо таҳдидҳои шадиди амниятӣ рӯбарӯянд
Мақомоти вилояти Бадахшони Афғонистон гуфтаанд, ду моҳ мешавад, ки вулусволиҳои Юмгон ва Вардуҷи ин вилоят дар тасаруфи “Толибон” ва ҷангҷӯёни кишварҳои осиёӣ қарор доранд.
Ба иттилои Аҳмад Навид, сухангӯи волии Бадахшон, фасли зимистон барои амалиёт алайҳи “Толибон” фурсати муносиб аст. Ӯ гуфтааст, роҳҳои иртиботии аксари вулусволиҳо бар асари резиши барф масдуд шуда, “Толибон” наметавонанд аз минтақа берун шаванд. Аз сӯи дигар Абдуллоҳ Ноҷӣ, узви Шӯрои вилоятии Бадахшон ҳушдор додааст, акнун вулусволиҳои Ҷурм, Тагоб, Роғистон, Шуҳадо, Карон, Мунҷон ва Баҳораки Бадахшони Афғонистон низ бо таҳдидҳои шадиди амнияти рӯ ба рӯ ҳастанд.
Бадахшон яке аз вилоятҳои Афғонистон мебошад, ки бо Тоҷикитон, Покистон ва Чин ҳамсарҳад аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |