Давлатзода: Пешниҳоди Арабистони Саудӣ дар миён нест
Парвиз Давлатзода, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, кишвараш пешниҳоди Арабистони Саудӣ дар мавриди пайвастан ба эътилофи исломӣ алайҳи терроризмро баррасӣ намекунад.
Ҷаноби Давлатзода ин нуктаро дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон, зимни иштирок дар нишасти “Иттиҳодияи Аврупо-Осиёи Марказӣ” изҳор доштааст.
Ин мақоми дипломатии Тоҷикистон дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “ТАСС” гуфтааст: “Мо ин масъаларо тамоман баррасӣ намекунем”.
Қаблан “Аш Шарқ-ал-Авсат”, нашрияи расмии Арабистони Саудӣ ба нақл аз Азамшо Латифзода, сафири Тоҷикистон дар ин кишвар навишта буд, ки кишвараш пешниҳоди Арабистони Саудӣ дар бораи пайвастан ба эътилофи низомии исломӣ алайҳи терроризмро баррасӣ мекунад.
Латифзода инчунин қайд кардааст, ки қарор аст Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи январи оянда аз Арабистони Саудӣ боздид ва бо шоҳи он – Салмон дидор кунад
Арабистони Саудӣ чанде пеш ба манзури мубориза бо терроризм аз ташкили эътилофи исломӣ ва пайвастани 34 кишвар ба он хабар дод.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |