Даъвати “Cotton Campaign” барои парҳез аз сармоягузории Узбакистон
“Cotton Campaign”, як эътилофи мустаққар дар Вашингтон аз Бонки ҷаҳонӣ хостааст, то замоне ки Узбакистон меҳнати иҷборӣ дар ҷамъоварии пахтаро қатъ накунад, аз сармоягузоии ин кишвар даст бикашад.
Изҳороти “Cotton Campaign” дар пайи як мониторинги Созмони ҷаҳонии меҳнат ва коршиносони мустақили Узбакистон пахш шудааст, ки нишон додаанд дар ин кишвар ҳангоми ҷамъоварии пахта аз меҳнати иҷборӣ кор мегиранд. Дар гузориши Созмони ҷаҳонии кор омадааст, “хатари меҳнати маҷбурӣ амалан дар Узбакистон ҷо дорад”.
Муаллифони гузориш гуфтаанд, кормандони бахши маориф ва тандурустӣ маҷбур шудаанд, саҳми худро дар шакли кор ё пардохти пул гузоранд. Ба ин тартиб, ин ниҳоди ҷаҳонӣ ба хулоса омадааст, ки “барои бартараф кардани меҳнати маҷбурӣ бояд даст ба иқдоми ҷиддӣ зад”.
Бонки ҷаҳонӣ барои соҳаи кишоварзии Узбакистон 500 миллион доллар ҷудо кардааст. Қаблан ин кишвар барои гирифтани ин миқдор пул риояи қонунҳоеро ваъда кард, ки меҳнати маҷбуриро манъ мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |