Бахшҳо

Ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳайит гуфт, ду моҳ аст, шавҳарашро надидааст

Наздикони Маҳмадалӣ Ҳайит, узви боздоштшудаи ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ мегӯянд, наздики ду моҳ аст, иҷозаи дидор бо ӯро надоранд.

Савринисо Ҷӯрабекова, ҳамсари оқои Ҳайист имрӯз, 21 декабр дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, танҳо як маротиб ва он ҳам 28 октябр бо шавҳараш дидор дошт. Дар ҳоле, ки ба қавли вай, “наздикони боздоштшудаҳои дигар ду ва семаротибаӣ ба наздашон рафта ва суҳбат карданду аз аҳволашон хабар гирифтаанд”.

Аммо Ҷамшед Ёров, вакили дифои Маҳмадалӣ Ҳайит ба “Озодагон” гуфт, бори охир ҳафтае қабл бо ӯ мулоқот намуд. Ба гуфтаи Ёров, оқои Ҳайит аз чизе шикоят накарда ва ҳолаташ хуб мебошад: “Муфаттишон барои вохӯрӣ то имрӯз иҷозат намедоданд. Ҳозир ба Прокуратураи генералӣ даромадам. Он ҷо гуфтанд, ки охири ҳамин ҳафта, рӯзи ҷумъа барои мулоқот бо Маҳмадалӣ Ҳайит иҷозат доданд. Ман ба онҳо гуфтам, ки манъ кардани дидор бо зерҳимояам ба манфиати шумо нест. Инро ман дар рафти мурофиаи судӣ истифода мебарам, ки шумо ҳуқуқҳои моро ба ҳимоя маҳдуд кардед. Гуфтанд, ки ин масъаларо дида, ҳамин рӯз ҳал мекунем”.

Шодихон Ҳомидов, муфаттиши парвандаи марбут ба Маҳмадалӣ Ҳайит имрӯз, 21 декабр дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, дар ин бора маълумоте дода наметавонад: “Тафтишот роҳбар дорад, мо як муфаттиш мебошем”.

Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ҳамроҳ бо 12 тан аз фаъолони дигари ин ҳизб баъд аз исёни муовини собиқи вазири мудофиа – Абдуҳалим Назарзода ё “Ҳоҷи Ҳалим” боздошт шуд. Додситонии кулли Тоҷикистон аввалҳои моҳи октябри соли равон гуфт, алайҳи дастгиршудаҳо бо иттиҳоми терроризм, ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, ба таври зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият, даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ, исёни мусаллаҳона ва чанд моддаи дигари Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.

Ҷамшед Ёров, вакили дифои Маҳмадалӣ Ҳайит мегӯяд, “дар назар аст, аввалҳои моҳи январ тафтишоти парвандаи аъзои боздоштшудаи ҲНИТ анҷом шуда, ба суд ирсол гардад”.
Мӯҳр
парвиз
Худованд золимонро хору залил кунад

Ситора
Махмадали Хайит Шахси босавод пешвои Ислом дар ЧТ ба хисоб меравад Худованд нигохбонат бошад

нуробод
Сабаби рох надодани дидорбинии наздикони Махмадали Хаит дар чи бошад??? Чаро бо дигар боздоштшудахо ду се маротиба ичозаи вохури шудааст аммо бо окои М. Хаит ичоза намегузоред, ки наздиконаш аз ахволи окои Махмадали бохабар бошанд. Худованд окои Хаитро дар панохаш нигахбон бошад ба мисли у шахси бофархангу донишманд ва сиёсвтмадор кам аст!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)