Вазорат: Дар Соли нав зиёфатороиву туҳфаситонӣ ва ҷамъоварии маблағ дар мактабҳо манъ аст
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба муассисаҳои таълимии кишвар гуфтааст, дар арафаи таҷлил аз Соли нав зиёфатороиву туҳфаситонӣ, ҷамъоварии маблағ ва дар тарабхонаҳо ташкил намудани чорабиниҳои солинавӣ қатъин манъ аст.
Тибқи иттилои ин ниҳод, дар асоси дастури вазрат ба муассисаҳои таълимии кишвар, ҳангоми чорабиниҳои солинавӣ буридани арча, истифодаи ҳама гуна маводи пиротехникӣ низ манъ шудааст. Манбаъ мегӯяд, тибқи дастур дар муассисаҳои таълимии кишвар бояд аз 25 декабри соли равон то якуми январи соли 2016 шахсони масъул бояд навбатдорӣ ташкил намоянд: “Оид ба масъалаи амнияти шаҳрвандон, тартиботи ҷамъиятии зиддисӯхтор дар муассисаҳо чораҷӯӣ карда, дар хусусӣ таҷлили Соли нав аз ҷониби хонандагону омӯзгорон тадбирҳои таъхирнопазир андешида шаванд”.
Ба иттилои манбаъ, Вазорати маориф ва илм ба масъулини муассисаҳои таълимӣ тавсия додааст, зимни баргузории чорабинии солинавӣ баргузории маҳфилҳои адабию фарҳангӣ, таҳияи рӯзномаи деворӣ ва бозиҳои варзишӣ ба роҳ монда шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |