Идомаи дастгирӣ: Ҳукумат конҳои тилло ва як шаҳракро ба ТАЛКО дод
Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳо барои дастгирии фаъолияти корхонаи алюминиюми тоҷик-ТАЛКО маҷмааи конҳои Кончочу Чӯлбоии ноҳияи Айниро ба ихтиёри ин корхона гузоштааст.
Тибқи қарори ҳукумати Тоҷикистон ТАЛКО иҷозати истихроҷи ин конро барои 25 сол дар ихтиёр хоҳад дошт. Муқаррар шудааст, ки шаҳраки геологии Кончоч ва инчунин 10 гектари дигар дар маҳаллаи Чуянгарон ва Бахшикунҷи ноҳияи Айнӣ барои бунёди майдончаи саноатӣ ба ТАЛКО дода шавад.
Ҳукумати Тоҷикистон Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишварро муваззаф намудааст, ки то охири моҳи январ санади иҷозатнома ва шарту талаботҳоро ба ҳукумат пешниҳод кунад. Раисиҷумҳури Тоҷикистон ноиби аввали сарвазирро масъули имзои ин иҷозатнома аз номи ҳукумат таъин кардааст.
Конҳои Кончоч сурб, нуқра ва тиллоро дар бар гирифта, қаблан аз ҷониби ҳукумат барои истихроҷ пешкаши сармоягузорон шуда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |