Қирғизистону Чин мехоҳанд "виза"-ро бекор кунанд
Ҳукумати Қирғизистон дар бораи ҷорӣ кардани низоми рафтуомади бераводид ё виза бо Чин музокирот мекунад. Дар ин бора ба Centralasian.com вазири иқтисоди Қирғизистон Арзибек Кожошев хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, "ҳоло гуфтушунид дар бораи қатъи виза барои сафарҳои сайёҳӣ идома дорад. Албатта, хатарҳое дар ин замина вуҷуд доранд, аммо, фикр мекунам, ин масъала дар ояндаи наздик ҳал мешавад".
Кожошев афзуда, ки дар сурати роҳандозии низоми бераводид ҳамасола қариб як миллион сайёҳони чинӣ аз Қирғизистон дидан мекунанд.
Соли 2012 Қирғизистон барои ҷаззобтар шудани арсаи сайёҳии худ муқаррароти раводидро барои 45 кишвар бекор кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |