Коргоҳ ва хонаи журналистони мухолифро мекобанд
Дафтари сомонаи мухолифи Nakanune.kz дар Алмато аз сӯи пулис кофтукоб мешавад. Дар ин бора хабарнигори бахши қазоқии Озодӣ хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, мардони низомипӯш ворид шудан ба идораи сомонаро манъ кардаанд. Нимаи аввали рӯзи ҷумъа пулис манзили муассиси сомонаи Nakanune.kz Гузал Байдалинова ва рӯзноманигори ин сомона Юлия Козловаро кофтуков кард. Дар манзили рӯзноманигори дигар -- Рафаэл Балгин низ ҷустуҷӯ анҷом шудааст.
Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Алмато аз оғози тафтиши пешакӣ аз рӯи далели “паҳн кардани хабари бардурӯғ дар сомонаҳои “Республика” ва Nakanune.kz дар бораи фаъолияти “Казкоммертсбонк” ва афроди дигар” хабар дод. Шӯъбаи корҳои дохилӣ мегӯяд, тафтишот “супоришгарони матлабҳо ва афродеро, ки дар нашри матлабҳо мусоидат карданд”, ошкор кардааст. Пулис мегӯяд, супоришгарон ба идораи нашрия барои ин матлабҳо пули нақд пардохтаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |