100 ҳазор доллари Амрико ба осебдидагони заминларза дар Бадахшон
Ҳукумати Иёлоти муттаҳидаи Амрико ба хонаводаҳои аз заминларзаи шадиди 7 декабр зарардидаи ноҳияҳои Дарвоз, Рӯшон, Шуғнон, Ванҷ ва шаҳри Хоруғ дар ҳаҷми 100 ҳазор доллар кумаки башардӯстона расонидааст.
Аз сафорати Амрико дар Душанбе ба "Озодагон" гуфтанд, ин кумак бо дархости Лесли Ҳейден, кордори сафорати Амрико дар Тоҷикистон бо ташаббуси Дафтар оид ба кӯмаки кишварҳои хориҷӣ ҳангоми офатҳои табиӣ (OFDA) ва Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) ироа гардидааст.
Манбаъ мегӯяд, кумакҳо аз хаймаҳо, патӯ, сару либос ва таҷҳизоти сохтумон барои таъмири хонаҳои харобшуда иборат аст.
Зӯҳри 7 декабри соли равон Тоҷикистонро заминларза такон дод, ки маркази он дар ҳудуди ноҳияи Мурғоби вилояти Бадахшон ва дараҷаи он 7,2 Рихтер гуфта шуд. Бар асари ин заминларза 2 нафар кушта, даҳҳо тан захмӣ ва беш аз 800 манзил пурра ва қисман хароб шудааст. Хисороти бештар ба водии Бартанги ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон расидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |