Бахшҳо
18 дек 2015 09:31Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Миллиардҳои Тоҷикистонро ба минтақаҳои оффшор кӣ бурд?

Ширкати таҳқиқотии Global Financial Integrity дар гузориши нави худ гуфтааст, аз соли 2002 то 2011 аз Тоҷикистон беш аз 2 миллиарду 700 миллион доллар ба хориҷи кишвар бурда шудааст. Сандуқи байналмилалии пул, Бонки ҷаҳонӣ ва Tax Justice Network низ сармояҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар минтақаҳои оффшорро аз 2,5 то 3,5 миллиард доллар тахмин мезананд. Бо таваҷҷуҳ ба ин “Озодагон” ин навбат аз коршиносон пурсид: МИЛЛИАРДҲОИ ТОҶИКИСТОНРО БА МИНТАҚАҲОИ ОФФШОР КӢ БУРД?

Мирғиёс АҲРОРОВ, ҳуқуқшинос
Пӯшида нест, ки тақрибан ҳамаи миллионерҳои тоҷик дар минтақаҳои оффшор маблағҳои калони худро пинҳон намудаанд. Ба киҳо таалуқ доштани ин маблағҳо ба ҳамаи мо маълум мебошад, аммо аксарии донандаҳои ин дуздиҳову пинҳонкориҳо, ки амнияти худу хонадони худро таъмин карда наметавонанд, хомӯшанд. Аз лиҳози қонун барои ҷилавгирӣ аз бурдани маблағҳо ба минтақаҳои офшор бояд парлумону мақомоти дахлдор ва Бонки миллӣ иродаи сиёсиро пеш гузоранд, аммо шояд дар ин самт қонунвайронкунандаҳо хешу табори мансабдорони ин ниҳодҳоянд ва пешгирии он ғайриимкон мешавад. Бояд аз рӯи таҷрибаи бонкҳои ҷаҳонӣ дар Бонки миллии мо низ шӯъбаи “финансовая разведка” фаъол шавад ва зидди пинҳонкорӣ дар минтақаҳои оффшор кор барад.

Зулфиқори ИСМОИЛИЁН, коршиноси масоили иқтисодӣ
Гирифтани пеши роҳи маблағҳое, ки ба минтақаҳои офшор мераванд, мушкил нест, вале он ширкатҳое, ки дар манотиқи офшор ба қайд гирифта шудаанд, ба афроде тааллуқ доранд, ки наздик ба ҳукуматанд. Онҳо аз одамони бегона нестанд, ба ҳамин хотир давлат намехоҳад пеши роҳи онро бигирад. Ман сад дар сад мутмаъин ҳастам, ки ҳукумат онҳоро хуб медонад. Мақомот хуб медонад, ки ба ҷазираҳои Кипр ва ё дигар минтақаҳои офшор чӣ қадар пул меравад.

Абдулло ДАВЛАТОВ, раиси Иттиҳоди тоҷикони Русия
Барои ба ин савол ҷавоб додан ва номи ашхоси мушаххасро гуфтан бояд далеле дар даст дошта бошам. Афсус, дар ҷомеае, ки ҳама кор паси парда сурат мегирад, фақат метавон тахмин зад. Албатта ҳама гуна фарзияҳо заъиф ҳастанд. Аммо як чизро метавон ба қатъият гуфт, ки таҷрибаи давлатҳое, ки дар фазои ноозоди сиёсиву иқтисодӣ ба сар бурдаву мебаранд, чунин корҳоро фақат мансабдорони олимақом ва наздикони онҳо метавонанд анҷом диҳанд. Дар нисбати Тоҷикистон метавон ҳаминро ба ёд биёрам, ки чанд сол пеш президент бо ишора ба вазирону соҳибкорон гуфта буд, ки аз Зайд Саидов ибрат бигиранд, ки маблағҳояшро ба хотири ободии Ватан ба Тоҷикистон оварда буд. Дигар мисоле надорам, ки дигарон чунин майлеву кирдоре карда бошанд. Баръакс, чанд нафареро медонам, ки маблағҳои солҳои навадум ҷамъ кардаашонро ба Русия интиқол додаанд.

Абдуманнон ШЕРАЛИЕВ, коршинос
Дар офшор маъмулан пулҳои ғайриқонунӣ бадастомада ҷамъ мешаванд. Барои он ки бифаҳмем он 3 миллиард доллар ба кӣ мутааллиқ аст, бояд бубинем бештар кадом гуруҳ дар Тоҷикистон пули ғайриқонунӣ доранд. Албатта чунин гуруҳҳо ё нафарон зиёданд, аммо бештари ин гуна пулҳо дар дасти ду гуруҳанд: мансабдорони давлатӣ ва қочоқчиёни маводи мухаддир. Барои исботи ин ки чаро пулҳои сиёҳ дар дасти мансабдорон аст, шарт нест молу амволи онҳо ҳисоб карда шавад ё ҳаҷми пораҳо дар Тоҷикистон дониста шавад. Танҳо дидани оморҳои созмонҳои маъруфи байналмилал, ки Тоҷикистонро дар мавриди фасод дар кадом зина қарор додаанд кофист, ки маълум шавад пулҳои сиёҳи дар офшор буда ба кадом гуруҳ таалуқ дорад.

Бек РАҲМОНӢ, рӯзноманигор
Имрӯз дар ҳар як кишвари ҷаҳон иқтисоди пинҳонӣ ба миллиардҳо доллари амрикоӣ мерасад, ки асли сарчашмаи онро донистан хеле мушкил аст. Агар аз тарафи Тоҷикистон дар минтақаҳои оффшорӣ аз 2,5 то 3,5 миллиард доллар бошад, пас дуруст аст, ки иқтисодиёти кишвар то дараҷае нест ки чунин маблағ аз он берун барояд.
Мӯҳр
Таxлилгар
Ин чизе xудаш, ба фикрам ин туxмати маxз аст
Ки мегут ки мо миллиардер дорем нананана дуруг }}}}}}}}}}}

Хоркаш
Касе онҳоро набурдааст, худашон рафтаанд......

карим
хама медонад ки бурд ва ки мебарад,аммо метарсем бигуем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)