ВИДЕО: Таҷлили рӯзи ҳимояи танфурӯшҳо аз хушунат-калкунӣ, ғорат, қатл...

Имрӯз, 17 декабр дар ҷаҳон рӯзи байналмилалии ҳимояи танфурӯшҳо аз хушунату зӯроварӣ таҷлил мегардад.
Тибқи анъана дар ин рӯз дар кишварҳои ҷаҳон раҳпаймоӣ бо чатрҳои сурх баргузор мегардад, ки ҳамчун рамзи ҳимояи танфурӯшҳо аз хушунат қабул шудааст.
Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои мақомот теъдоди фоҳишаҳо дар Тоҷикистон низ афзоиш ёфта, ба иттилои Вазорати умури дохилӣ бархе аз занҳо барои сабукпойӣ на танҳо аз ҷониби афроди бегона, балки аз сӯи аъзои хонавода, латукӯб ва ҳатто қатл мешаванд. Аз ҷумла тибқи иттилои мақомоти умури дохилии Тоҷикистон моҳи қабл Моҳрухсор, сокини 34-солаи ноҳияи Қубодиён аз дасти падараш Файзиддин Гадоеви 57-сола кушта шудааст. Гадоев сабаби даст задан ба ин ҷиноятро ба сабукпоӣ машғул шудани духтараш арзёбӣ кардааст.
Дар баробари латукӯбу ғорат шеваи дигари муҷозоти танфурӯшҳо дар Тоҷикистон-тарошидани мӯйи сари онҳо мебошад. Соли равон тарошидани мӯйи сари зани миёнсоле барои танфурӯшӣ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук мавриди баҳс қарор гирифт.
Дар наворе, ки ба интернет роҳ ёфт, гуруҳи ҷавонони тоҷик мӯйи сари зани миёнсолеро тарошиданд. Тавре дар навор дида мешавад, ҳар чанд ин зан мегӯяд, тавба кардаасту дигар ба ин роҳ намеравад, аммо ноширон ё “қаҳрамонҳо”-и навор аз қасди худ барнамегарданд.
Бархе аз корбарон аз ин шеваи “муҷозот” ҷонибдорӣ карда, онро яке аз роҳҳои аз байнбарии танфурӯшӣ миёни занон донистаанд. Аммо дар ин баробар шумораи онҳое низ кам нест, ки зидди ингуна иқдом буда, онро роҳи ҳалли ин мушкил намедонанд.
Тибқи қонун Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, 14 октябр тағйиру иловаҳо ба Кодекси маъмуриро тасвиб карда, ҷазо барои фоҳишагиро шадидтар гардонд.
Бахтовар Сафаров, вакили парлумон зимни муаррифии лоиҳа гуфт, тибқи тағйиру иловаҳо агар фоҳиша бори аввал боздошт шавад, аз 10 то 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (400-800 сомонӣ) ҷарима мешавад. Ӯ афзуд, ки агар ин нафар бори дуюм давоми як сол барои фоҳишагӣ боздошт гардад, нисбати ӯ ҷарима аз 20 то 40 нишондиҳанда (800-1600 сомонӣ) ё ҳабс ба муҳлати аз 10 то 15 шабонарӯз татбиқ хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |