Баҳси муҷозоти “муллоҳо”-и шаҳватпараст: Пешниҳоди ҳукумат бозпас гардонда шуд
Парлумони Тоҷикистон пешниҳоди ҳукуматро барои муҷозоти ҷиноии афроди ба ном “мулло, эшон, суфӣ, халифа ва фолбин”, ки бо сӯиистифода аз боварӣ нисбати корафтодаҳо ҳаракатҳои шаҳвонӣ мекунанд, бозпас гардонд.
Икром Умарзода, муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон имрӯз, 16 декабр зимни муаррифии лоиҳаи қонун дар бораи илова намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон изҳор дошт, ки ин лоиҳа аз ҷониби ҳукумат ба хотири ҳимояи шаҳрвандон аз таҷовузи афроди ба ном “мулло” пешниҳод гардидааст.
Умарзода гуфт, тибқи лоиҳа ба Кодекси ҷиноӣ моддаи нав ворид мешавад, ки барои алоқаи ҷинсӣ ё дигар ҳаракатҳои дорои хусусияти шаҳвонидошта, ки бо сӯиистифода аз эътиқоди динии ҷабрдида, дар ҷараёни табобати ғайрианъанавӣ ё ҳангоми таълимоти динӣ содир шудааст, муҷозоти ҷиноӣ пешбинӣ мекунад.
Муовини вазири корҳои дохилӣ гуфт, ҳолатҳои воқеӣ нишон медиҳанд, ки бархе аз ходимони динӣ ё шахсоне, ки худро “мулло эшон, суфӣ, фолбин ва халифа” эълон медоранд, бо роҳи фиреб ё боварикунонӣ бо сеҳр, даму дуохонӣ бо сӯиистифода аз нуфузу мавқеи худ нисбати корафтодаҳо амалҳои ношоиста содир мекунанду туҳфаҳо мегиранд.
Умарзода таъкид намуд, ки ҳадафи иловаҳои пешниҳодшуда огоҳсозии мардум ва пешгирӣ кардани ҳаракатҳое мебошад, ки ба номи Ислом иснод меоранду ҳуқуқи шаҳрвандонро поймол мекунанд.
Аммо бархе вакилон ибораҳои дар лоиҳа пешниҳодшуда, аз ҷумла ҳаракатҳои бадахлоқона, табобати ғайрирасмӣ, таълимоти динӣ ва ғайраро мисол оварда, таъкид намуданд, ки бояд ин мафҳумҳо мушаххас шаванд.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон низ дақиқкориро зимни таҳияи чунин лоиҳаҳо зарур хонд, то эҳсоси мусалмонҳо осеб набинад. Ӯ аз ҷумла дуохониро мисол овард, ки қонунан манъ нест ва бархе дар пайи боварие, ки доранд шифо меёбанд.
Парлумон дар ниҳоят ин лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноиро барои такмил бозпас гардонд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |