Барканорӣ ва танбеҳи масъулони пулиси Бадахшон аз сӯи вазири корҳои дохилӣ
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ полковник Тоҳир Кенҷазода, сардори БДА дар ВМКБ ва майор Изатшои Шукурбек, сардори ШБДА-и шаҳри Хоруғро аз вазифа барканор кардааст. Торнамои расмии ВУД далели ин тасмимро “роҳ додан ба камбудиҳо” гуфтааст.
Ба иттилои манбаъ, ба полковник Абдулваҳоб Искандарзода, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ ва муовинонаш огоҳӣ дода шуда, барои бартараф кардани камбудиҳо як моҳ муҳлат гирифтаанд: “Ба сардори Шӯъбачаи вилоятии бақайдгирии имтиҳонотии ШБДА РВКД дар ВМКБ подполковники милитсия Гайдар Дарвешов ва сардори шӯъбачаи назорати техникӣ танбеҳ аз ҷониби вазир эълон карда шуд”.
Манбаъ мегӯяд, Рамазон Раҳимзода дар ҷаласае, ки имрӯз, 15 декабр дар РВКД ВМКБ баргузор шуд, масъалаҳои пурзӯр намудани фаъолият дар самти пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, авбошӣ, оид ба низом даровардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои шаҳри Хоруғ ва автомашинаҳои сиёҳшишаи беиҷозат, тамбашавӣ ва бартараф кардани камбудиҳои ҷойдоштаро мавриди баррасӣ қарор додааст. Вазири умури дохила гуфтааст, “дар назди бозори шаҳри Хоруғ бетартибӣ ва бенизомӣ зиёд аст, ки ин ба тамбашавии воситаҳои нақлиёт оварда мерасонад ва аз масъулин қатъӣ талаб кард, ки барои ба низом даровардани воситаҳои роҳу нақлиёт тадбирҳои зарурӣ андешанд”.
Манбаъ мегӯяд, ба ҳамаи сардорони Шӯъбаҳои бозрасии давлатии автомобилии ноҳияҳои вилояти Муҳтори Кӯҳистони Бадахшон танбеҳ эълон карда шуд: “Вазири умури дохила, Рамазон Раҳимзода барои бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дода, талаб кард, ки вазифаҳои хизматиашонро сари вақт ва босифат иҷро намоянд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |