Роҳбандӣ барои бунёди гузаргоҳи зеризаминӣ дар шимоли Душанбе
Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, аз 15 декабри соли ҷорӣ ҳаракат тариқи майдони Сарҳадчиёни кӯчаи Гагарин (маҳаллаи Водонасос) маҳдуд карда мешавад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ ба далели бунёди гузаргоҳи зеризаминӣ дар майдони Сарҳадчиён ҳаракат тариқи ин қисмати роҳ то 30 сентябри соли 2016 маҳдуд хоҳад шуд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе бо имзои қарор дар ин бора масъулинро муваззаф намудааст, ки самти ҳаракати нақлиёти мусофирбарро ба кӯчаҳои ҳамшафат муайян намуда, дар нақшаи хатсайрҳо тағйирот ворид намоянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |