Вакилон таъсиси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдакро ба баррасӣ гирифтанд
Шӯрои Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 14 декабр лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон”-ро баррасӣ кардааст.
Тибқи тағйиру иловаҳои нав ба қонуни мазкур, дар Тоҷикистон таъсиси институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар назар дошта шудааст. Зариф Ализода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё омбудсмени Тоҷикистон дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, пешниҳодҳо дар ин маврид ҳанӯз идома доранд. Ӯ таъиси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдакро барои ҳифзи атфол муҳим хонда, изҳор дошт, “ҷузъиёти бештар дар мавриди фаъоляти он баъдан маълум хоҳад шуд”.
Дар мавриди зарурати таъсиси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак аввалҳои соли равон Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар таъкид карда буд. Тобистони имсол Омбудсмени Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ эълон кард, шурӯъ аз соли нав дар кишвар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ба фаъолият шурӯъ мекунад.
Зариф Ализода дар ин нишасти хабарӣ, ки 30 июли соли 2015 баргузор шуд, гуфта буд, ниҳоди мазкур дар дохили институти онҳо, аммо бо салоҳиятҳои марбути як ваколатдори мустақил фаъол хоҳад шуд: “Мо таҷрибаи дигар кишварҳоро омӯхтем ва гуруҳи корӣ ба ин хулоса омад, ки Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак бо Омбудсмен якҷоя мешавад. Дар шакли муовини ваколатдор- ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак. Аз нигоҳи ташкилӣ муовин аст, аммо ҳамчун ваколатдори ҳуқуқи кӯдак бо тамоми салоҳиятҳои хоси як омбудсмен амал мекунад. Аз дастгоҳи мо якчанд шатати дигар низ кор мекунад”.
Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар баробари лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон”, чанд лоиҳаву созишномаҳои дигарро ҳам мавриди баррасӣ қарор додаанд. Ба иттилои Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон, дар ҷаласаи Шӯро, лоиҳаҳои қонун “Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ”, “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015”, “Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда” низ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд: “Дар ҷалсаи мазкур, ҳамчунин лоиҳаи қонун дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятӣ, дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Созишномаи сармоягузорӣ миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва ҶДММ “Ширкати байналмилалии истеҳсолии Чжунгтсай Моҳир Семент”, Созишномаи кафолатӣ байни Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи “Байниминтақавии тиҷорати нерӯи барқ” (CASA-1000), Созишномаи қарзӣ миёни Ширкати “Барқи тоҷик” ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи “Байниминтақавии тиҷорати нерӯи барқ” (CASA-1000) матраҳ гардиданд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |