Қарори № 557-и Убайдуллоев: У.Раҷабов роҳбари бадеии консерти солинавӣ шуд
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе бо имзои як қарор масъулини шаҳрдориро барои сазовор ҷашн гирифтани Соли нави 2016 муваззаф кардааст.
Тавре аз шаҳрдории Душанбе хабар доданд, бар пояи ин қарор ҳамаи муовинҳои раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои пойтахт ва сохторҳои марбутаи шаҳрӣ вазифадор шудаанд, то 30 декабри соли равон ороиши майдонҳо, боғу гулгашт ва кӯчаву хиёбонҳоро ба анҷом расонида, дар рӯзҳои омодагӣ ва баргузории чорабиниҳои солинавӣ фаъолияти муътадили соҳа ва корхонаҳои системаи муҳандисии ҳаётан муҳимро таъмин намоянд. Инчунин, дар ҳамкорӣ бо субъектҳои хоҷагидорӣ дар тамоми бозорҳои шаҳри Душанбе аз 21 то 31 декабри соли 2015 ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва молҳои ниёзи мардумро баргузор созанд.
Дар қарор омадааст, “дар мувофиқа ва ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута, тамоми шароитҳои заруриро барои ташкили чорабиниҳои идон, сайругашти оммавӣ ва фароғати сокинони пойтахт дар рӯзҳои ид фароҳам оварда, иҷрои ҳатмии Нақшаи чорабиниҳоро таъмин намоянд”.
Убайдуллоев Шӯъбаи фарҳанги пойтахтро муваззаф сохтааст, дар ҳамкориву ҳамоҳангӣ бо сохторҳои марбута баҳри дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ дар шаҳр тадбирҳои зарурӣ андешад. “Роҳбарии бадеии консерти идона бо иштироки устодони санъат ва ситораҳои эстрадаи тоҷик дар майдони “Дӯстӣ” ба зиммаи режиссёр-таҳиягар, директори кулли Муассисаи давлатии фарҳангу фароғатии “Пойтахт-80” Раҷабов Убайдулло вогузор ва муваззаф карда шавад, ки дар ҳамкорӣ бо шӯъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтарин санъаткорону мутахассисони касбиро дар баргузории чорабинии зикршуда таъмин намояд”,-омадааст дар қарор.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |