Бахшҳо
14 дек 2015 10:21Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

“Алвидоъ, додарҳоям”. Худкушии саррофе, ки 120 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд

Алихон Азимов, як саррофи 32-солаи бозори “Фаровон”-и Душанбе худкушӣ кардааст. Ин ҳодиса баъди чанд рӯзи 120 ҳазор сомонӣ ҷарима шудани ӯ иттифоқ афтодааст.

Олим Азимов, бародари Алихон ба “Озодӣ” гуфтааст, далели худкушии бародарашро намедонанд: “Намедонам, чаро бародарам даст ба чунин кор зад”, аммо ба гуфтаи ӯ, қабл аз суиқасд ба ҷонаш дар як коғаз навиштааст, ки "ҳисобу китобҳоро баробар кунед, хонаҳоро бифурӯшед ва қарзи мардумро диҳед, додарҳоям, алвидоъ, додарҳоям".

Ҷасади ин сарроф, ки 8 соли ахир дар Бозори “Фаровон” фаъолият дошта, чор фарзанд доштааст, дар зодгоҳаш -- деҳаи Қарағочи ҷамоати Тугараки ноҳияи Восеъ ба хок супурда шудааст. Олим Азимов гуфтааст, шаби фоҷиа (шаби якшанбе ба душанбеи ҳафтаи гузашта) яке аз писарҳои Алихон ҳамроҳи падараш хоб будааст ва зану фарзандони дигараш ҳам дар манзил ҳузур доштаанд. Ба гуфтаи Олим Азимов, "тақрибан соатҳои 1:20-и шаб, писари Алихон саросема ба хонаи мо омад ва бедорамон кард, ки “отам худро кашол кард”.

Ба гуфтаи бародари ин сарроф, дар мактуби қабл аз худкушӣ танҳо “ҳисобу китобҳоро баробар кунед, хонаҳоро бифурӯшед ва қарзи мардумро диҳед, додарҳоям, алвидоъ, додарҳоям" навишта шуда ва дар он гуфта нашудааст, аз кӣ ва чӣ миқдор пул қарздор аст. Алихон Азимов дар пайи баста шудани нуқтаҳои муболидаи асъор 120 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст ва ба қавли бародараш дар ҳолати изтироб қарор дошт. Ба гуфтаи Олим Азимов, ҳоло барои иҷрои васияти бародараш, ҳам хонаи худ ва ҳам хонаи бародари марҳумаш ва ҳам хонаи яке аз бародарони дигарашро ба фурӯш гузоштаанд.
Мӯҳр
Холати тамоми миллати точик хамин шудааст дигар рох надоранд.

Саидчон аз Ёкутистон
"ОФАРИН" Хукуматдорони мо!!! Хамин хаст рохи аз миллат халос шудан. Шарм мебояд кард бо ин тарзи хукумрони....

Эй забардасти зердастозор
Гарм то кай бимонад ин бозор?
Ба чи кор оядат чахондори?
..........бех,ки мардумозори

Курбон
мебоист бо вазири молияву, рохбарони бонки миллии Точикистон ва блоки иктисодии хукумат алвидоъ мегуфтем, то аз вазифа мерафтанду чойи онхо кадрхои чавобгуи талаботи руз руи кору вазифа меомаданд.

Худованд уро бубахшад ва дуъо мекунем ки хонаи охираташ лоакл обод бошад.

Алекс чунин ном дошт ин дусти мо. чавони хеле хушсухану рахмдил буд. худо рахмату магфираташ кунад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)