Бахшҳо

13 нишони тиллои варзишгарони тоҷик дар Қазоқистон

Самбочиёни тоҷик аз мусобиқаи қаҳрамонии Осиё бо 28 медал бармегарданд. Дар ин сабқат, ки 11-13 декабр дар шаҳри Атирауи Қазоқистон баргузор шуд, варзишгарони тоҷик 13 нишони тилло, 9 нуқра ва 6 биринҷӣ ба гардан овехтанд.

Рӯзи аввали мусобиқа бузургсолон бо ҳам рақобат карданд. Дар сабқати самбои варзишӣ Акмалиддин Каримов (52 кг), Нозимҷон Охиров (62 кг), Мустафо Ҳасанов (68 кг), Деваштич Ҳабибов (74 кг), Ҷумъахон Назриев (90 кг), Шамшод Абдуллоев (100 кг) ва Набимуҳаммад Хоркашев (+100 кг) унвони қаҳрамони Осиёро ба худ ихтисос дода, соҳиби медалҳои тилло гардиданд. Ардашер Исмоилов (52 кг) бо нишони нуқра ва Муҳаммадҷон Зоидов (82 кг) бо медали биринҷӣ мукофотонида шуданд. Азиза Азизова (72 кг) ва Дилбар Султонова (80 кг) дар қувваозмоӣ миёни занҳо соҳиби медалҳои нуқра шуданд.

Рӯзи дуюми мусобиқа навҷавонону духтарон аз рӯи самбои варзишӣ ва мардон оид ба самбои размӣ дар вазнҳои 62, 82 ва +100 килло зӯрозмоӣ карданд. Гуштигирони ҷавони тоҷик дар ҳамаи нӯҳ вазн медал ба даст оварданд. Унвони қаҳрамони Осиё ва медалҳои тилло насиби Мубориз Мунавваров (68 кг), Мирзошариф Исматов (74 кг), Суруш Каримов (82 кг) ва Саидмуъмин Шомаҳмадов (100 кг) гардид. Се нафари дигар – Ҷомӣ Ҳасан (52 кг), Ёқубҷон Раҳматов (62 кг) ва Рашид Зиёбеков (90 кг) – медалҳои нуқра гирифтанд. Ба ду паҳлавони ҷавони тоҷик - Сорбон Латифов (57 кг) ва Салимбек Салимбеков (беш аз 100 кг) -медалҳои биринҷӣ супурда шуд.

13 нишони тиллои варзишгарони тоҷик дар ҚазоқистонРӯзи охирини мусобиқа бошад, наврасон (духтарону писарон) оид ба самбои варзишӣ ва мардон аз рӯи самбои размӣ дар вазнҳои 57, 68 ва 90 кг қувва озмуданд. Масъуд Куканшоев (дар вазни 48 кг), Саиднабӣ Камолов (65 кг) нишони тилло, Сайриддин Шоев (60 кг), Шарифҷон Назриев (87 кг) нуқра ва Зафарҷон Алиев (56 кг), Алӣ Шарифов (70 кг), Эмомҷон Камолов (81 кг) медалҳои биринҷии мусобиқотро соҳиб шуданд. Далер Ниёзов дар сабқати самбои размӣ миёни мардон дар вазни то 90 кг барои ҷойи дувум бо медали нуқра сарфароз гашт.
Мӯҳр
Ахсан Шербачахо обуруи Миллатхастен

Т О Ч И К
О Ф А Р И И И И Н ва................

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)