Бахшҳо

Тағйири ҳалнома дар робита ба марги сарбоз Фирдавс Раҳматов

Коллегияи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон 10 декабр ҳалномаи Додгоҳи ҳарбии гарнизони шаҳри Хуҷандро дар робита ба марги Фирдавс Раҳматов, сарбози 22-солаи қисми ҳарбии 04080 тағйир додааст.

Дилшод Ҷӯраев, вакили дифои Фирдавс Раҳматов имрӯз, 12 декабр дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, бар асоси ин тағйир, афсарон О.Ҳомидов, Р.Маҳмадов ва Х.Ҳакимов тайи ду соли оянда аз истифодаи баъзе имтиёз ва уҳдадориҳо маҳрум шудаанд. Тибқи ҳалномаи қаблӣ ин афсарон ба муддат 2 сол аз озодӣ маҳрум шуда буданд.

Ба гуфтаи оқои Ҷӯраев, қисмати дигари ин парванда бетағйир мондааст, ки тибқи он сержант Раббонӣ Сулаймонов 18 сол, сержант Комрон Раҳимовро 17,5 ва сарбози қаторӣ -- Айём Назаров 17,5 сол равонаи зиндони низомаш шадид гардиданд. Ин афрод дар латту кӯби Фирдавс Раҳматов муҷрим шинохта шудаанд.

Наздикон Фирдавс Раҳматов, сокинони маҳаллаи 18-уми шаҳри Хуҷанд ва донишҷӯи курси чаҳоруми бахши ғоибонаи Донишгоҳи давлатии ин шаҳр мегӯяед ӯро рӯзи 7 майи соли равон тавассути даъвати маҷбурӣ ё “облава” ба сафи сарбозони қисми ҳарбии 04080 шаҳри Конибодом ҷалб шуда, масъулини қисми низомӣ шоми 7 ба 8 июни соли равон тахминан соатҳои 24:00 ҷасади ӯро ба манзилаш овардаанд. Нахуст сабаби марги Раҳматов “гармозадагӣ, фурӯ рафтани забон ва банд шудани роҳи нафас” гуфта шуд, аммо Дилором Раҳматова, модари ӯ гуфт, фарзандаш бар асари латту кӯб ҷон додааст. Ба дунбол, парвандаи ҷинояти оғоз ва омилони марги Фирдавс эълон гардиданд.
Мӯҳр
Худованд рахмататкунад амин

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)