Эмомалӣ Раҳмону Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз хатарҳои ҷаҳони муосир гуфтаанд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои туркманаш – Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот кардааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, ин мулоқот шоми дирӯз, 11 декабр дар ҳошияи Конфронси байналмилалии “Сиёсати бетарафӣ: ҳамкории байналмилалӣ баҳри сулҳ, амният ва рушд” дар шаҳри Ашхобод сурат пазируфтааст. “Дар мулоқот масоили вобаста ба густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, нақлиётӣ, энергетикӣ ва фарҳангии ду кишвар баррасӣ шуд. Масоили таҳкими ҳамгироӣ барои таъмини амну суботи минтақавӣ ва пешгирӣ аз хатарҳои ҷаҳони муосир ҳам аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд”,-меафзояд манбаъ.
Конфронси байналмилалии “Сиёсати бетарафӣ: ҳамкории байналмилалӣ баҳри сулҳ, амният ва рушд” ба муносибати 20-солагии бетарафии Туркманистон баргузор шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |