Даъвати муовини муфтӣ барои кумак ба зарардидаҳои зилзилаи Бадахшон
Муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз намозгузорон даъват кард, ба осебдидаҳои заминларза дар Бадахшон кумак намоянд.
Беҳрӯз Сатторов, муовини Абдулқодирзода имрӯз, 11 декабр зимни хутбаи намози ҷумъа дар Масҷиди марказӣ бо зикри ин нукта, ки зарардидаҳои заминларза ба кумак ниёз доранд, аз мусалмонон хост, ба қадри тавони худ ба онҳо мадад расонанд. Ӯ афзуд, хоҳишмандони кумак ба Маркази исломӣ муроҷиат намоянд.
Заминларзаи шадиди рӯзи 7 декабр ба водии Бартанги Бадахшон хисороти зиёд ворид кард ва даҳҳо манзил хароб шуд. Бо баста шудани роҳ дар пайи сангрезаҳо имкони кумак ба зарардидаҳо номумкин шуд. Бар илова ҳавои номусоид монеи парвози чархбол ба ин минтақа гардид. Танҳо имрӯз чархболҳои ҳомили кумак ба Бартанг расиданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |