Санҷиши кӯли Сарез бо супориши президент
Як гуруҳи корӣ, ки ахиран бо супориши Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон таъсис ёфтааст, аз кӯли Сарез дидан хоҳанд кард.
Ба иттилои расмӣ, ин гуруҳро Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвар раҳбарӣ мекунад ва он имрӯз аз Душанбе ба Бадахшон сафар кардааст. Мақомоти Бадахшон хабар дода буданд, ки дар пайи заминларзаи 7 декабр ҳаҷми оби хориҷшаванда аз кӯли Сарез афзоиш ёфтааст. Манобеи "Озодагон" баъди заминларза хабар дода буданд, ки чораандешӣ барои ба ҷойҳои бехавф кӯчондани аҳолии ҷамоатҳои наздики кӯли Сарез, ки дар пайи заминларза зарар дидаанд, идома дорад: "Кӯчондани аҳолӣ на ба хатари Сарез, балки ба он рабт дорад, ки бисёри сокинон бесарпаноҳ мондаанд ва феълан мошинҳои комиссияи вилоятӣ дар роҳ ба минтақаи осебдида қарор доранд".
Дар гуруҳи корӣ баробари намояндагони вазорату идораҳо мутахассисони Саридораи геологияи Тоҷикистон ҳам ҳастанд, ки барои дидану санҷидани кӯли Сарез вориди ҳайат шудаанд. Манбаъ мегӯяд, гуруҳи корӣ “ҳамчунин дар маркази ноҳияи Рӯшон - шаҳрчаи Вомар бо мардуми зарардида мулоқот менамоянд”.
Ин дуюмин гуруҳи кориест, ки бо супориши Эмомалӣ Раҳмон таъсис мешавад. Пас аз заминҷунбии 7 декабр раисиҷумҳур барои таъсиси як гуруҳи корӣ ҷиҳати расонидани кумак ба зарардидаҳои офати табии Бадахшон дастур дода буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |