ИМА: Абу Салоҳ, роҳбари бахши молиётии ДИИШ кушта шуд
Низомиёни амрикоӣ аз кушта шудани мудири молиётии созмони террористии ба ном “Давлати исломӣ” ё ДИИШ хабар додаанд.
Полковник Стив Уоррен, намояндаи расмии Вазорати мудофиаи ИМА 10 декабр изҳор дошт, Абу Салоҳ, роҳбари баландпоя ва ботаҷрибаи бахши молиётии гуруҳи террористӣ ва ду роҳбари баландмақоми дигари ДИИШ дар пайи зарбаҳои ҳавоӣ ба ҳалокат расидаанд.
Гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” дар моҳи июни соли 2014 дар ҳудуди Сурия ва Ироқ аз худ дарак дод. Ин гуруҳ бо кушторҳои бераҳмонааш маъруф аст. Эътилофи байналмилалӣ бо роҳбарии ИМА бештар аз як сол аст, ки ба мавқеи ДИИШ дар ин ду кишвар зарбаи ҳавоӣ мезанад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |