Русия Нурматовро ба Тоҷикистон истирдод карданист
Додситонии вилояти Саратови Русия як шаҳрванди 47-солаи Тоҷикистонро ба Ватан истирдод мекунад.
Ба иттилои додситонӣ, ин мардро, ки аз ӯ А. Нурматов ном бурда мешавад, мақомоти Тоҷикистон бо иттиҳоми содир кардани чандин ҷиноят дар ҷустуҷӯ қарор додааст. Мақомоти Русия гуфтаанд, муҳлати ба ҷавобгарӣ кашидани Нурматов ҳанӯз эътибор дорад ва онҳо тасмим гирифтаанд, ӯро ба мақомоти Тоҷикистон биспоранд. Манбаъ гуфтааст, ин шаҳрванди Тоҷикистон феълан дар боздоштгоҳи муввақатии шаҳри Маскав қарор дошта, баъди таҳияи аснод ба Ватан истирдод мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |