Бахшҳо

Ш.Ҳакимов: Робитаҳои авлодию маҳаллӣ доштани кадрҳо омили аз байн нарафтани корруписия аст

9 декабр ба унвони Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия шинохта шудааст. Бо таваҷҷуҳ ба ин “Озодагон” аз коршиносон пурсид: ТОҶИКИСТОН ДАР МУБОРИЗА БО КОРРУПИСЯ МУВАФФАҚ АСТ?


Шокирҷон ҲАКИМОВ, ҳуқуқшинос

Солҳои ахир воқеан мақомоти давлатии Тоҷикистон чанд санади байналмилалиро ҷиҳати мубориза бо коррупсия ба тасвиб расонд, қонунҳои махсусро қабул кард ва санадҳои дигари ҳукуқиро такмилу ислоҳ намуда, сохторҳои марбутаро низ таъсис додааст. Аммо то ҳол муносибатҳои коррупсионӣ на камтар, балки бештар ба назар мерасанд. Омилу сабабҳои мушаххас шароити мусоидро барои рушди муносибатҳои коррупсионӣ ба вуҷуд овардаанд. Ноустуворӣ ва номукаммалии қонунгузорӣ, риоя нагардидани усули таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, аз ҳамдигар вобаста будани кадрҳои давлатӣ, ба хусус робитаҳои авлодию маҳаллӣ доштани онҳо, дар ҳамаи сатҳҳо эҳсос нашудани назорати ҳизбию ҷамъиятӣ, надоштани имконияти баробар ва рақобати солим миёни соҳибкорон ва ғайра омилҳои аз байн нарафтани корруписия ба ҳисоб мераванд.

Бобоҷони ШАФЕЪ, ҷомеашинос

Дар Тоҷикистон ниҳодҳо ҳамдигарро такрор мекунанд. Бубинед, Агентии мубориза бо фасод бештар касонеро боздошт мекунад, ки худашон бояд маъмури мубориза бо фасод бошанд. Вақте корманди милиса, Агентии назорати маводи нашъаовар, прокуратура, суд...бо ришва ба даст меафтанд, ин нишони фасодзадагии ҷомеа аст. Ҷомеа дар фасод ғутидааст. Агентии мубориза бо коррупсия назар ба солҳои пеш имсол хеле хубтар фаъолият кард. Вале чун гап сари ҷомеа аст, гуфтан мушкил аст, ки мубориза таъсири бештар дорад. Мубориза бунёдӣ бояд бошад. Ҳоло Тоҷикистон ба ин ҳад нарасидааст, ки ин падидаи манҳусро решакан созад. Хеле солҳо лозиманд ва агар шеваи мубориза чунин бошад, Тоҷикистон гумон аст муваффақ шавад.

Усмон СОЛЕҲ, сухангӯи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон сол то сол мубориза бо фасод пурзӯр шуда истодааст. Имрӯзҳо хабарҳои зиёде мешунавем, ки дар ин ё он ноҳия барои даст задан ба амалҳои коррупсионӣ зиёд дастгир карда истодаанд. Умуман, дар ин самт беҳбудиҳо ба назар мерасад. Дар қонунҳо баъзан тағйиротҳое ворид шудаанд, ки масалан нафари дастгиршуда дар сурати баргардонидани маблағ, он қадар ҷазои сахт намегирад, шояд ин таъсир дошта бошад. Лекин дар маҷмӯъ фикр мекунам, ки дар ин самт натиҷаҳои хубу беҳтар ба даст оварда истодаем. Дар мубориза бо коррупсия бояд тамоми қишри ҷомеа, ақалан ҳамон ниҳодҳои бевосита ба ин масъала дахлдор фаъолияташонро беҳтару хубтар кунанд. Нафароне, ки пора медиҳанд, онҳо низ бояд ба муҷозот кашида шаванд.

Абдуҳаллим ҒАФФОРОВ, раҳбари Ҳизби сотсиалистӣ ва вакили парлумони Тоҷикистон

Мутаассифона, вазъи имрӯзаи мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон маро қонеъ карда наметавонад. Барои чи? Барои он ки баъзе риштаҳои ба ҳам пайванде ҳастанд, ки он риштаҳоро шикастан кори одиву осон нест. Ман боварӣ дорам, ки Ҳукумати Тоҷикистон ва намояндагони мардум, ки дар интихоботҳои парлумонӣ интихоб мешаванд, ин масъалаи бисёр ҳассосу нозукро мавриди баррасӣ қарор дода, аллайҳи он мубориза мебаранд. Парлумони кишвар, аз ҷумла аҳзоби сиёсӣ масъалаи мубориза бар зидди коррупсияро аз масъалаҳои аввалиндараҷа ҳисобида, ҳамеша фикру андешаҳои худро муайян мекунанд. Коррупсия ин як масъалае аст, ки хусусиятҳои ба худ хоси иҷтимоӣ дорад ва онро танҳо ҳамон вақт нест кардан ҷоиз аст, ки агар ба муқобили он аз нуқтаи назари иҷтимоӣ мубориза бисёр ҷиддӣ бурда шавад. Яъне нафаре, ки даст ба ришва мезанад, ба ҷазое бояд гирифтор шавад, ки барои дигарон мактаби бузурги маънавӣ гардад, дарк кунад, ки ҳаққи ҳалоли як касро хурдану манфиатҳои давлатро ба манфиатҳои шахсии худ истифода бурдан кори одӣ нест.

Раҷаби МИРЗО, журналисти мустақил

Мубориза бо фасод осон нест, балки он мубориза бо худро мемонад. Барои бо худ мубориза бурдан иродаи қавӣ лозим! Ба назари ман, вақте сухан сари коррупсия меравад, ҳарфҳои як коршинос мерасад, ки гуфта буд "дар шароити кишварҳои ғайридемократї мубориза бо фасод аз як кас вобаста мешавад". Иродаи ин нафар танҳо ҳамон замоне ошкор мешавад, ки агар дар мубориза бо коррупсия ҷиноят на интихобӣ, балки воқеї сурат гирад. Ба таври дигар, агар донанд, ки фасод системавиву амали муқаррарӣ шудаасту аммо ин ё он нафарро танҳо барои он муҷозот мекунанд, ки кадом амалаш писанд наомад, инро ҳамчун иқдоми зиддикоррупсионӣ қабул нахоҳанд кард.

Темур ҶОВИДОВ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе

Ба фикрам дар ягон давлат коррупсия ҳеҷ вақт пурра аз байн нарафтаасту намеравад, лекин кам шуданаш имкон дорад. Кишваре нест, ки дар он нафароне даст ба ришва назананд. Аз рӯи мушоҳидаҳои ман дар Тоҷикистон имрӯзҳо масъалаи мубориза ба коррупсия беҳтар шудааст. Агар ҳамин хел рафтан гирад мумкин дар солҳои наздик масъалаи рӯ овардан ба амалҳои коррупсионӣ кам шавад. Баланд бардоштан музди маоши шаҳрвандон ҳам метавонад ба коҳиш ёфтани амалҳои коррупсионӣ муосидат кунад.
Мӯҳр
Ситора
Бояд Хукумати Точикистон Махалчигиро бас бикунад Мабодо ба ягон корхона ё Фабрика ё Макомоти Кудрати барои чои кор мурочиат мекуни Аввал мепурсанат аз кучои

Санавбар
То махалчиги аз байн наравад Чумхурии Точикистон хеч гох пеш намеравад Нест бод Махалчиги

Мадина
Рост мегуи апаи Ситора Ман ДТТ бо дипломи Сурх хатм кардам Ба як корхонаи давлати рафтам барои чои кор авал Раисаш пурсид аз кучои бад пурсид шавхар дори гуфтам шавхар дорам гуфт чои кор нест Бад аз як рафикам фахмидам агар шавхар намедоштам Раис маро бо кор таьмин мекард ва маро машукаи худаш мекардааст Дуюм маротиба ба назди раис омадам ва гуфтам шавхар надорам маро бо кор таьмин кард ва мачбур дорад ки машукаи у шавам додамро ба ки гуям намедонам Раис тахминан 55 ё 58 сола ман бошам 22 сола чи кор кунам намедонам илтимос чоп кунед

Давлат
Хохари мехрубон Мадина ин хел Раисон Чомеаро вайрон карда истодаанд Аз Муллохо халос шидем лекин аз ин Бадбахтон халос шидан амри махол аст Ба Раис бифахмон ки шумохам мисли ман фарзанд доред фарзанди шуморо хаминхел кунанд шумо чикор мекунед Бояд Раиси хонасухта бифахмад Агар ба шарте нафахмад чои коратро тарк бикун ризкро Худованд худаш медихад Барои чи Корупция ба инхел Раисхо кор надорад

Фируз
Шавхар ки дошта боши дар хона шиштан гир чи таги пои раисон мегарди

Хилол
умуман раисон е дигар мансабдороне, ки сину солашон ба гамака расидааст бояд рохбарияти он муссиса чорачуи намояд.

Саид
Ситора,
Маъзарат мехохам, хеле бачо кайд кардед, бале мепусанд аз махал ва намегуянд ки аз кучои, балки мегуянд - ай чо мешай

Мусофир
Ба Ситора Хоҳари азиз камтар хато кардед,узр аммо чунин мепурсандат а бача ай чои?

Як вакто ай ко мешай мегуфтан лекин уно каме серу пур ва мардума кам гам медодану кам махалчиги мекардан ва маданияти хуб доштан бад дахон набудан. И чо чохо ай чо мешай мегуфтагихо хеч сери надоранду болои ин нихоят бадгуфторанд марду зан. Дар Душанбе хамаи суханхои даномдор аз чо омад, аз тарафи онхо.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)