Муҷозоти соҳибкори тоҷик барои номи ғайритоҷикии "клуби шабона"
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як соҳибкори тоҷикро барои ғайритоҷикӣ номгузорӣ кардани "клуби шабона" ҷарима бастааст.
Тавре аз ин ниҳод иттилоъ доданд, Ширинбек Илҳбонов "клуби шабона"-и худро “CHOCO night club” ном гузоштааст, ки “хилофи қонун “Дар бори забони давлатӣ” мебошад”.
Манбаъ мегӯяд, “додгоҳ Илҳбоновро дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 89-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гунаҳгор дониста, ба ӯ ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 15 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 600 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин кард”.
Дар асоси талаботи қисми 2-и моддаи 18-и қонун “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамаи лавҳаю овезаҳо дар Тоҷикистон бояд ба забони давлатӣ навишта шаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |