Бахшҳо

Ҷамол Назаров, бародари фирории “Ҳоҷӣ Ҳалим” боздошт шудааст

Ҷамол Назаров, бародари 39-солаи генерал Абдуҳалим Назарзода ва маъруф бо лақаби “Ҳоҷӣ Ҳалим” ду рӯз қабл боздошт шудааст.

“Озодӣ” бо такя ба манбаи худ дар мақомоти интизомии кишвар хабар медиҳад, ки бародари “Ҳоҷӣ Ҳалим”-ро рӯзи 8 декабр аз ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ дастгир кардаанд. Ҷамол Назаров, яке аз шаш бародари Абдуҳалим Назарзода буда, баъди ҳамлаҳои субҳи 4 сентябр дар Ваҳдат ва Душанбе, ки мақомот ташкилкунандаи онро “Ҳоҷи Ҳалим” гуфт, нопадид гардид. Манбаи “Озодӣ” гуфтааст, “Ҷамол Назаров давоми се моҳ дар манзили зисти нафаре бо номи Ғоиб дар ҳудуди колхози собиқ Россияи ноҳияи Рӯдакӣ пинҳон будааст”.

Ба иттилои ин манбаъ, ӯ талош дошта, рӯзҳои наздик бо роҳи кочоқӣ аз Тоҷикистон фирор кунад. Наздикони Абдуҳалим Назарзода боздошти Ҷамолро тасдиқ карда, гуфтанд, дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ нигаҳдорӣ мешавад.

Аз шаш бародари “Ҳоҷӣ Ҳалим” ба гуфтаи мақомот, Мирзокарим, Абдураҳим ва Мирзоҳаёт ҳангоми музокирот миёни неруҳои ҳукуматӣ бо гуруҳи бародарашон дар дараи Ромит кушта шудаанд. Мақомот ду бародари дигари ӯ -- Ҷамол ва Салимро дар ҷустуҷӯ қарор доданд. Ҳоло сарнавишти Салим Назаров маълум нест. Ғолиб, бародари хурдии “Ҳоҷӣ Ҳалим” солҳост дар Русия кору зиндагӣ мекунад ва ҳеч талош барои боздошти ӯ сурат нагирифтааст.

Абдуҳалим Назарзода, ки то рӯзи ҳамлаҳои рӯзи чоруми сентябр муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон буд, дар қасди талоши сарнагун кардани сохти конститутсионӣ муттаҳам шуд. Ӯ ҳамроҳ бо чанд тани дигар дар дараи Ромит кушта шуд.
Мӯҳр
Ситора
Агар бегунох бошад озодаш кунед

Darvesh
Dar yagon oila 6 barodar yagon vaqt hamfikr nameshavand! Mumkin begunoh boshad. Ozodash kuned. Ravuoi barodari khub mumkin rafta meomad, ammo dar kushtor gunoh nadorad ozodash kuned!!!!!

Аҳмад
Чаро ягон маротиба коршиносони сиёси барраси намекунад, ки чаро Ҳоҷи Ҳалиб ин ҳаракатро анҷом дода аст? дар сурате, ки Ӯ яке аз беҳтарин ҷойгоҳҳо ва мақоми кориро доштааст ва аз назари молиу иқтисодиҳам мушкил надоштааст. кори уро фақат дар як хиёнат бад зидди давлат маҳсуб карда вале реша ёби накардаанд ки чаро ин иттифоқот афтодааст ва ҳамчунин чаро дигари дар он мақом тоҷикистонро раҳо карда ба сафи Доиш ба хоки сурия роҳ сипар мешавад ва решаи инҳоро коршиносон дар чи мебинанд?

ин Чамолиддин як кишоварз буд у ро чи ба сиёсат
ангуру мохи хояш бозорои шахр ро пур мекард мехнати буд
бо кадом гунох боздошташ кардан.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)