Аз ҳамлаи сагҳо дар 11 моҳ 8 нафар фавтидааст
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мегӯяд, шурӯъ аз моҳи январи соли равон беш аз 10 ҳазору 600 ҳодисаи ҳамлаи сагҳо ба сокинони кишвар ба қайд расидааст.
Наврӯз Ҷаъфаров, муовини вазири тандурустӣ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, дар пайи ҳамлаи сагҳо ҳашт нафар ҷони худро аз даст додаанд: “10 ҳазору 620 ҳолати газидани сагҳоро ба қайд гирифтаем. 6 ҳазору 191 нафаре, ки аз ҳамлаи сагҳо зарар дидаанд, афроди то 18-солаанд”.
Оқои Ҷаъфаров мегӯяд, дар Тоҷикистон барои сагони дайду паноҳгоҳе вуҷуд надорад: “То ҳол ман маълумот надорам, ки ягон ташкилоти давлатӣ ва ё ғайридавлатӣ нигоҳдории ҳайвоноти дайдуро ба зиммаи худ гирифта бошад. Мисли дигар шаҳрҳо”.
Ба гуфтаи ӯ, бояд соҳибони сагу гурба расман онҳоро сабти ном карда, барояшон шиноснома бигиранд. Дар ин ҳуҷҷат эмкуниҳое, ки зидди бемориҳои сироятӣ анҷом мешавад, бояд сабт шавад: “Аммо аксарият ин ҳуҷҷатро надоранд. Бархе ҳайвонҳоро дар кӯча мепартоянд ва онҳо дайду мешаванд. Тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ афроде, ки дар хона ҳайвонотро нигоҳ медораду ҳуҷҷатгузорӣ намекунад, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |