Боду ҳаво намегузорад чархболи кумакҳо ба водии Бартанг бирасад
Масъулини ҳукумати Бадахшон мегӯянд, нахустин чархболи ҳомили кумакҳо ба зарардидагони зилзила дар водии Бартанги ноҳияи Рӯшон бо далели вазъи номусоиди ҳаво дар маркази ноҳия нишаст.
Нилуфар Асламшоева, мудири бахши иттилооту таҳлили Дастгоҳи раиси вилояти мухтори куҳистони Бадахшон имрӯз, 9 декабр дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ҳоло ин чархбол дар фурудгоҳи маркази ноҳияи Рӯшон қарор дорад ва дар сурати беҳтар шудани ҳаво ҳаракат хоҳад кард: “Ман чархболро худам ҳамроҳӣ дорам ва то маркази ноҳияи Рӯшон омадем, аммо ҷониби водии Бартанг ҳаракат номумкин аст. Ҳаво абрист. Мо ҳаминҷо интизор ҳастем ва бо даст додани аввалин имкон ҷониби водии Бартанг ҳаракат мекунем”.
Ӯ гуфт, кумакҳо аз орд, шакар, равған, биринҷ макарон ва либос иборат аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |