«Нақши Конститутсияи Тоҷикистон дар рушди қонунгузории миллӣ» унвони мизи гирдест, ки 31-уми октябр дар толори маҷлисгоҳи Маркази миллии қонунгузории назди президенти Тоҷикистон баргузор мешавад.
Ҳамоиши мазкур ба 17-умин солгарди қабули Сарқонуни Тоҷикистон бахшида мешавад. Нақши Маҷлиси Олӣ дар инкишофи ҷомеаи демократӣ, Асосҳои конституционии ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон ва Суди конститутсионӣ кафили ҳимоятгари Сарқонуни Тоҷикистон аз мавзӯъҳои аслии мавриди баррасӣ дар ин мизи гирд унвон мешавад. Дар ин бора ба «Озодагон» аз Маркази миллии қонунгузории Тоҷикистон иттилоъ доданд.{jathumbnail off}
Мӯҳр