Қабули қонун дар бораи Пешво баъди шеърхониҳо ва баромади наздики 30 вакил
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 9 декабр лоиҳаи қонун "Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат"-ро ба тасвиб расонд ва расман ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур унвони Пешвои миллатро дод.
Ба ҳимоят аз ин қонун наздики 30 вакил баромад карданд. Зафар Исмоилзода пуштибонии худро бо шеъри Муҳаммад Ғоиб, ки ба Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст, баён кард. Ориф Ҳакимов низ бо қироати як шеъри узбакӣ аз эълони Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси пешвои миллат ҷонибдорӣ намуд.
Абдураҳим Холиқзода, вакили парлумон ва собиқ раиси Кумитаи дини Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳаи қонун “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат” изҳор дошт, он аз 16 модда ва 33 қисм иборат аст. Ба иттилои Холиқзода, ба моддаи як аломатҳои сиёсӣ ва хизматҳои таърихии пешвои миллат ворид шуда, моддаҳои 3, 4 ва 11 салоҳият ва рамзҳои пешвои миллатро фаро мегиранд: "Аз ҷумла пешвои миллат ҳуқуқ дорад, ба мардуми кишвар ва мансабдорҳо барои ҳалли масъалаҳои муҳим муроҷиат кунад". Моддаи 8 дахлнопазирии пешвои миллатро пешбинӣ кардааст.
Холиқзода афзуд, моддаҳои 6, 9, 12 ва 13 механизмҳои мусоидат ба фаъолияти пешвои миллатро муайян намудаанд: “Аз ҷумла сухан дар бораи таъмин бо нақлиёт, хизматрасониҳои тиббӣ, таъмини манзил ва ғайра меравад”.
Ба гуфтаи ӯ, моддаҳои 14-15-16 масоили маблағугзориҳою хароҷот ва мавриди амал қарор гирифтани ҳамин лоиҳаро фаро гирифтаанд.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аснои муаррифии лоиҳаи қонун “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат”, изҳор дошт, он мухолифи арзишҳои демократӣ набуда, ҳадафи лоиҳаро ҳифзи корҳои нек, муттаҳидсозии мардум, нигоҳ доштани давлати демокративу ҳуқуқбунёд гуфт.
Оқои Зуҳуров афзуд, таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки доштани пешвои миллат шарт ва зарур аст. Ӯ дар идома гуфт, Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат қаҳрамон аст ва дар ӯ сифатҳои зиёди инсонӣ дида мешавад.
ВИДЕОРО ИНҶО БУБИНЕД
Саидҷаъфар Исмонов, вакили парлумон ва раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон низ аз лоиҳаи қонун ҳимоят карда, афзуд, доштани пешвои миллат тақозои замону эҳтиёҷоти миллии мардуми Тоҷикистон мебошад. Исмонов бузургии Эмомалӣ Раҳмонро дар он донист, ки гуруҳҳоеро сари идеяи миллӣ ҷамъ овард, ки якдигарро чашми дидан надоштанд. Раиси демократҳо тамоми муваффақиятҳо дар сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистонро дастоварди Эмомалӣ Раҳмон хонд.
Вакилони Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 9 декабр лоиҳаи қонун “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат”-ро баррасӣ хоҳанд кард. Ин лоиҳа рӯзи 7 декабр дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон баррасӣ шуд ва барои қабул ба ҷаласа палатаи поёнӣ ирсол гардид.
Муҳамадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон ба “Озодагон” гуфт, лоиҳаи қонуни мазкурро дар шӯро раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ -- Абдураҳим Холиқзода баррасӣ намуда, гуфтааст, "лоиҳаи қонун "Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат" бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи гуруҳи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи дархосту пешниҳоди мардуми кишвар ҷиҳати ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, анъанаи неки давлатдорӣ, муттаҳидии халқ атрофии ғояҳои созандаю бунёдкорона, таҳкими сохтори конститутсионӣ ва қадршиносии хизматҳои фарзанди содиқу вафодори халқ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳомии роҳи таърихии рушди мамлакат ба сӯи ҷомеаи шаҳрвандӣ, давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд, таҳия ва пешниҳод гардидааст”.
Ба иттилои манбаъ, ин лоиҳа аз муқаддима ва 16 модда иборат буда, дар он мафҳуми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, салоҳиятҳо, орден ва ҷоизаи давлатӣ, дахлнопазирӣ ва кафолатҳои амнияту таъминоти иҷтимоии Пешвои миллат ба низом дароварда шудаанд.
23 моҳи рафта низ дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонун “Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат” баррасӣ гардида буд. Он вақт гуфта шуд, лоиҳаи мазкур барои хулосабарорӣ ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ирсол гардидааст.
Пешниҳоди пешвои миллат унвон додани Эмомалӣ Раҳмон моҳи апрели соли равон аз сӯи Носир Салимӣ, раҳбари Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ва Холмаҳмад Самеъ, декани факултаи равобити байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон садо дода буд. Онҳо дар як матлаб ба арзёбии нақш ва рисолати пешво дар тӯли таърих пардохта, шахсиятҳое аз қабили Рузвелт, Дэн Сяопин, Ли Куан ва Махатхир Муҳаммадро пешвоҳои муваффақи миллӣ хонда, Эмомалӣ Раҳмонро ҳам аз қабили онҳо донистаанд: “Саргузашти пешвои мо дар оғоз ба ҳолати сиёсии роҳбарони миллии муваффақ, ки зикрашон гузашт, шабеҳаст. Эмомалӣ Раҳмон замоне ба сари қудрат омад, ки Тоҷикистон ба ҷанги таҳмилии дохилӣ гирифтор буд ва кишварро хавфи нобудӣ таҳдид мекард, мардум ба парокандагиву гуруснагиву нодорӣ ва ҷангу ҷидол рӯбарӯ буд. Дар ин вазъи нобасомон табиист, ки рисолати асосии пешво – ба созиш овардан ва муттаҳид сохтани гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа дар асоси идеяҳои нав, арзишҳо ва идеалҳои миллӣ мебошад”.
Баъди чанд рӯз, як гуруҳ аз донишмандон, бо шумули Бобоҷон Самиев, Рамазон Назариев докторҳои илми фалсафа, Зикров Ҳ, ва Р. Давлатов номзадҳои илми фалсафа бо дастгирӣ аз матлаби Носир Салимӣ ва Холмаҳмад Самеъ дар мақолае бо номи “Пешво ифодагари ваҳдату қудрати давлат аст”, иддао карданд, Эмомалӣ Раҳмон шоистаи пешвои миллат ном гирифтан мебошад.
Аммо Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии Академияи улуми Тоҷикистон он замон дар матлабе, ки “Дурнамои идеяи “пешвои миллат” дар Тоҷикистон” унвон дошт, ба пешвои миллат номидани Эмомалӣ Раҳмон мухолифат кард. Пажуҳандагони ин Маркази Академияи илмҳо гуфтанд, тарҳи мавзӯи “Пешвои миллат” метавонад дар раванди демократикунонии ҷомеа саддеро ба вуҷуд оварда, ояндаи давлатдории дунявӣ ва ҳуқуқбунёдро зери суол гузорад: “Зеро дар ҳеч як кишвари демократӣ чунин масъалагузорӣ дурнамои рушди ҷомеаро муайян накардааст ва нахоҳад кард, чунки ҳар давлати демократӣ такя ба мардум мекунад ва ҳукуматҳои ин гуна давлатҳо аз иродаи мардум сарчашма мегиранд”.
Ахиран, Ҳаким Абдуллоҳ Раҳнамо, як масъули Маркази тадқиқоти стратегӣ дар матлабе таъкид кард, “мардум ба роҳбари худ ҳамчун ба худ, балки бештар аз худ боварӣ ва эътимод дорад. Ин аст моҳияти пешвои миллат будан. Ин аст моҳияти ба таври воқеӣ ва ба таври комилан табиӣ пешвои миллат будан”. Ӯ афзуд, бо таваҷҷуҳ ба ин пешвои миллӣ будани раисиҷумҳур мавзӯи савол ва баҳс нест, балки як воқеияти таърихӣ ва як ҳолати комилан табиист.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |